Раҳмон бо дабири СҲШ мулоқот кард: аз мубориза бо терроризм ва вазъи Афғонистон гуфтанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон провел встречу с Генеральным секретарем Шанхайской организации сотрудничества Чжан Мином
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон провел встречу с Генеральным секретарем Шанхайской организации сотрудничества Чжан Мином - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори ин созмон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба дабири навтаъйин барору комёбӣ таманно намудааст
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулии Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дода қайд намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Чжан Мин, дабири кулии СҲШ дидору гуфтугӯ намудааст.
Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои СҲШ ва рафти иҷрои нақшаҳои дар ин ҷода пешбинишуда дар доираи созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта мешавад, роҳбари Тоҷикистон ба дабири навтаъйини СҲШ комёбӣ таманно намуда, аз фаъолияти созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Котиботи роҳбари давлат мегӯяд, ҷонибҳо оид ба татбиқи амалии Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025, Декларатсияи Душанбегии 20-солагӣ ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша карданд.
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳои аъзои СҲШ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ муҳокима шуданд.
Илова бар ин зимни мулоқот масъалаҳои амнияти минтақаӣ, ҳамкории муштарак дар муқовимат ба терроризм, экстремизм, таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Масъалаи вазъи Афғонистон низ аз мадди назари роҳбари давлат ва дабири СҲШ дур намонд ва ҷонибҳо вазъияти феълии ин кишварро мавриди таҳлил қарор доданд.
Лентаи хабарҳо
0