Сатҳи таваррум дар ИМА рекорди 40-соларо шикаст

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкГород Нью Йорк
Город Нью Йорк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Афзоиши якбораи таваррум дар натиҷаи боло рафтани нархи нерӯи барқ ​​ба вуҷуд омадааст. Мизони таваррум аз интизориҳои коршиносон болотар рафтааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар ИМА нархҳои истеъмолӣ дар моҳи июн 9,1% афзоиш ёфт, ки ин баландтарин сатҳи таваррум дар 40 соли охир аст.
Дар ин бора гузориши бюрои омори федеролии ИМА шаҳодат медиҳанд.
Ҷаҳиши якбораи таваррум, ки пеш аз ҳама дар натиҷаи болоравии нархи нерӯи барқ ​​ба вуҷуд омадааст, аз интизориҳои коршиносон, бештар шуд. Иқтисоддонон онро на бештар аз 8,8% пешгӯӣ карда буданд.
Аз рӯи натиҷаҳои моҳи май суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ бо ҳисоби солона 8,6 фоиз ва аз рӯи ҷамъбасти моҳи апрел 8,3 фоизро ташкил дод.

"Нархи энергия дар як соли охир 41,6 фоиз, қимати бензин — 59,6 фоиз афзуд. Чунин болоравӣ аз соли 1980 инҷониб рекордӣ мебошад", — гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Миёнаҳои моҳи июн барои мубориза бо таваррум, Бонки федеролӣ мизони фоизии асосиро аз соли 1994 инҷониб, бори нахуст якбора 75 банд боло бурда, то 1,5-1,75% расонд.
"Табларза"-и доллар: иқтисоддон тақдири "амрикоӣ"-ро пешгӯӣ кард
Интизор меравад, ки дар нишасти охири моҳи июл сиёсати пулию қарзиро идома дода, меъёри он боз 50-75 банди дигар боло бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0