https://sputnik.tj/20220714/rahimzoda-tasiri-bequrbshavii-evro-iqtisodi-tojikistonro-1049997106.html
Шариф Раҳимзода таъсири беқурбшавии евро ба иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод
Шариф Раҳимзода таъсири беқурбшавии евро ба иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои кишвар мегӯяд, вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор пайваста болову поён меравад
2022-07-14T16:50+0500
2022-07-14T16:50+0500
2022-07-14T16:56+0500
дар тоҷикистон
шариф раҳимзода
қурб
қурби асъор
има
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101410/20/1014102032_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_64c9684e4f08663aad128a4bcb89af83.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Шариф Раҳимзода, вазири пешини иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва раиси Бонки миллӣ дар мусоҳиба бо АМИТ “Ховар” таъкид кардааст, ки поинравии қурби евро ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад.“Бояд зикр намуд, ки ин раванд ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад, зеро аксари субъектҳои тоҷикистонӣ ҳангоми додугирифт бо ширкатҳои хориҷӣ аз доллар истифода мекунанд. Албатта, агар касе дар бонкҳо пасандози евроӣ дошту онро гирифтанӣ аст, каме зарар мебинад, вале шумораи чунин шахсон хеле кам аст”, - таъкид кардааст Шариф Раҳимзода.Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор пайваста болову поён меравад.Ҳамзамон коршинос сабаби поён рафтани қурби евроро шарҳ додааст.Шариф Раҳисзода мегӯяд сараввал мушкилиҳои кишварҳои авропоӣ вобаста ба вазъи сиёсии вақтҳои охир, ки ба натиҷаҳои амалиётҳо дар Украина алоқаманд буда, ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ расониду боиси болоравии нархи нафту газ ва молҳои дигар гардид.Ҳамчунин ба гуфтаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба тағйири қурби асъор сиёсати пешгирифтаи Бонки марказии ИМА (Низоми федералии захиравӣ) таъсир расонд.Ёдрас мешавем, пайваста чанд ҳафтааст, ки қурби евро ар бозорҳои ҷаҳонӣ тамоюли беқурбшавӣ дошт. Имрӯзҳо қурби доллари амрикоӣ ва евро баробар шуданд.
https://sputnik.tj/20220713/hanuz-poyon-kor-nest-taqdir-evro-dollar-1049965918.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101410/20/1014102032_337:0:1564:920_1920x0_80_0_0_ce53bd6358ab6512853f4718dcf65648.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шариф раҳимзода, евро, қурб, доллар, таъсир, коршинос
тоҷикистон, шариф раҳимзода, евро, қурб, доллар, таъсир, коршинос
Шариф Раҳимзода таъсири беқурбшавии евро ба иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ дод
16:50 14.07.2022 (Навсозишуда: 16:56 14.07.2022) Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои кишвар мегӯяд, вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор пайваста болову поён меравад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Шариф Раҳимзода, вазири пешини иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва раиси Бонки миллӣ дар мусоҳиба бо АМИТ “Ховар” таъкид кардааст, ки поинравии қурби евро ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад.
“Бояд зикр намуд, ки ин раванд ба фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад, зеро аксари субъектҳои тоҷикистонӣ ҳангоми додугирифт бо ширкатҳои хориҷӣ аз доллар истифода мекунанд. Албатта, агар касе дар бонкҳо пасандози евроӣ дошту онро гирифтанӣ аст, каме зарар мебинад, вале шумораи чунин шахсон хеле кам аст”, - таъкид кардааст Шариф Раҳимзода.
Ҳамчунин вай қайд кардааст, ки вобаста ба таъсири омилҳои гуногун қурби асъор пайваста болову поён меравад.
“Солҳои аввали ба муомилот ворид шудани евро қурби он аз қурби доллар камтар буд, вале баъдан он хеле боло рафт ва ҳоло, ба ҳолати 12 июл, онҳо баробар шуданд”, - афзуд ӯ.
Ҳамзамон коршинос сабаби поён рафтани қурби евроро шарҳ додааст.
Шариф Раҳисзода мегӯяд сараввал мушкилиҳои кишварҳои авропоӣ вобаста ба вазъи сиёсии вақтҳои охир, ки ба натиҷаҳои амалиётҳо дар Украина алоқаманд буда, ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аврупоӣ таъсири манфӣ расониду боиси болоравии нархи нафту газ ва молҳои дигар гардид.
Ҳамчунин ба гуфтаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба тағйири қурби асъор сиёсати пешгирифтаи Бонки марказии ИМА (Низоми федералии захиравӣ) таъсир расонд.
“Бонки марказии ИМА шурӯъ аз моҳи март пайваста фоизи бозтамвилро боло бурд, ки он боиси болоравии қурби доллар гардид. Дар чунин шароит сармоядорон маблағҳои худро бештар ба ИМА равона мекунанд”, - гуфт ӯ.
Ёдрас мешавем, пайваста чанд ҳафтааст, ки қурби евро ар бозорҳои ҷаҳонӣ тамоюли беқурбшавӣ дошт. Имрӯзҳо қурби доллари амрикоӣ ва евро баробар шуданд.