https://sputnik.tj/20220714/futbolboz-tojik-shartnoma-boshgoh-bulghoriston-qat-1049998346.html
Мессии тоҷик шартномаашро бо бошгоҳи Булғористон қатъ кард: сабаб
Мессии тоҷик шартномаашро бо бошгоҳи Булғористон қатъ кард: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, аз дастаи "Локомотив Пловдив"-ро, ки 6 сол боз дар он бозӣ мекард, тарк карда, ба ватан баргашт
2022-07-14T18:05+0500
2022-07-14T18:05+0500
2022-07-14T18:05+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
булғористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0e/1049992894_0:0:700:395_1920x0_80_0_0_5e6f8d7277b68b1555df0ed8d5fc18b1.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Футболбози "Локомотив"-и Пловдив Парвиз Умарбоев аз даста рафт. Шартномаи ӯ бо дастаи Булғористон ба охир расид, тарафҳо онро тамдид накарданд. Бозингар расман бо тими собиқ хайрухуш кард, пловдивиён низ ба ӯ муваффақиятҳои минбаъда таманно карданд.Ба гуфтаи ӯ, "Локомотив" ҳамеша дар дилаш боқӣ хоҳад монд. Вай ба тамоми дастаҳо, мураббиёне, ки бо ӯ кор мекард, ва ба ҳамаи кормандон ташаккур гуфт. "Мехоҳам ба Христо Крусарски ва албатта ба мухлисони олиҷаноби мо ташаккур мегӯям. Ман ҳамеша муҳаббат ва дастгирии онҳоро эҳсос мекардам", - гуфт бозигар. То кунун футболбоз тасмим нагирифтааст, ки дар оянда дар кадом даста бозӣ мекунад. Эҳтимол дорад, ки ӯ бо “Истиқлол” қарордод имзо кунад. Дар ин рӯзҳо нимҳимоятгар дар пойгоҳи тамринии Алмосӣ дар Ҳисор ҷамъомадҳои тамринӣ мегузаронад. Ӯ аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.Ёдовар мешавем, ки Парвиз Умарбоев аз хурдӣ дар мактаби "Рубин"-и Қазон таҳсил кардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳайати аввалааш бозӣ накардааст. Дар мавсими 2013/14 ӯ дар ҳайати "Нефтехимик-Нижнекамск" ва сипас дар "Химик Дзержинский" бозӣ кардааст.Бозингар мавсими 2015/16-ро дар "Истиқлол" гузаронидааст. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат футболбоз 84 бозӣ анҷом дода, 7 гол задааст. Пас аз Душанбе равзанаи Аврупо барояш боз шуд – соли 2016 ба “Локомотив”-и Булғористон гузашт. Ба иттилои Transfermarkt, ин гузариш ба бошгоҳи Булғористон 100 000 евро арзиш дошт. Дар ҳайати "Локомотив" ӯ беш аз 170 бозӣ гузаронида, 10 гол задааст. Ба наздикӣ клуб ӯро ҳамчун як легионере эътироф кард, ки дар даста зиёд бозӣ кардааст.Дар ҳайати "Локомотив" футболбоз дукаратаи Ҷоми Булғористон, Суперҷоми Булғористон ва барандаи медали нуқраи чемпионат гардид. Ҳамчунин, Умарбоев аз соли 2015 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.
https://sputnik.tj/20220707/futbolboz-tojik-eron-narkh-1049823815.html
булғористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0e/1049992894_95:0:700:454_1920x0_80_0_0_6000143f65249689e9d1b5951d66fd0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"мессии тоҷик" шартнома бошгоҳ булғористон қатъ сабаб
"мессии тоҷик" шартнома бошгоҳ булғористон қатъ сабаб
Мессии тоҷик шартномаашро бо бошгоҳи Булғористон қатъ кард: сабаб
Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи "Локомотив Пловдив", ки 6 сол боз дар он бозӣ мекард, бошгоҳи булғориро тарк карда, ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Футболбози "Локомотив"-и Пловдив Парвиз Умарбоев аз даста рафт.
Шартномаи ӯ бо дастаи Булғористон ба охир расид, тарафҳо онро тамдид накарданд.
Бозингар расман бо тими собиқ хайрухуш кард, пловдивиён низ ба ӯ муваффақиятҳои минбаъда таманно карданд.
"Ман шаш соли беҳтаринро дар "Локомотив" гузаронидам. Ба даста ҳамчун футболбози ҷавон шомил шудам, фикр мекунам, ки ман ҳам ҳамчун бозигар ва ҳам ҳамчун шахс ба воя расидаам. Мо 4 ҷоиза ба даст овардем, лаҳзаҳои олӣ доштам", - гуфт футболбоз.
Ба гуфтаи ӯ, "Локомотив" ҳамеша дар дилаш боқӣ хоҳад монд. Вай ба тамоми дастаҳо, мураббиёне, ки бо ӯ кор мекард, ва ба ҳамаи кормандон ташаккур гуфт.
"Мехоҳам ба Христо Крусарски ва албатта ба мухлисони олиҷаноби мо ташаккур мегӯям. Ман ҳамеша муҳаббат ва дастгирии онҳоро эҳсос мекардам", - гуфт бозигар.
То кунун футболбоз тасмим нагирифтааст, ки дар оянда дар кадом даста бозӣ мекунад. Эҳтимол дорад, ки ӯ бо “Истиқлол” қарордод имзо кунад.
Дар ин рӯзҳо нимҳимоятгар дар пойгоҳи тамринии Алмосӣ дар Ҳисор ҷамъомадҳои тамринӣ мегузаронад.
Ӯ аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Парвиз Умарбоев аз хурдӣ дар мактаби "Рубин"-и Қазон таҳсил кардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳайати аввалааш бозӣ накардааст. Дар мавсими 2013/14 ӯ дар ҳайати "Нефтехимик-Нижнекамск" ва сипас дар "Химик Дзержинский" бозӣ кардааст.
Бозингар мавсими 2015/16-ро дар "Истиқлол" гузаронидааст. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат футболбоз 84 бозӣ анҷом дода, 7 гол задааст.
Пас аз Душанбе равзанаи Аврупо барояш боз шуд – соли 2016 ба “Локомотив”-и Булғористон гузашт. Ба иттилои Transfermarkt, ин гузариш ба бошгоҳи Булғористон 100 000 евро арзиш дошт.
Дар ҳайати "Локомотив" ӯ беш аз 170 бозӣ гузаронида, 10 гол задааст. Ба наздикӣ клуб ӯро ҳамчун як легионере эътироф кард, ки дар даста зиёд бозӣ кардааст.
Дар ҳайати "Локомотив" футболбоз дукаратаи Ҷоми Булғористон, Суперҷоми Булғористон ва барандаи медали нуқраи чемпионат гардид. Ҳамчунин, Умарбоев аз соли 2015 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.