Футболбози муваффақи тоҷик фаъолияти худро дар Эрон идома медиҳад: нархи гузариш

© ФФТЭхсони Панджшанбе
Эхсони Панджшанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Маълум шуд, ки бошгоҳи футболи Эрон варзишгари муваффақи тоҷик Эҳсони Панҷшанберо аз “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон харидорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ба Эрон меравад.
Ӯ тасмим гирифт, ки фаъолияти худро дар тими дигар идома диҳад ва бо бошгоҳи футболи “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон падруд гуфт.
Ба ин бозигари тоҷик, ки аз соли 2020 инҷониб шарафи бошгоҳи Намангонро ҳимоя мекунад, аз хориҷи кишвар якбора чанд пешниҳод дарёфт кардааст.
Пас аз музокироти муваффақ бо тими эронии “Зоб Оҳан” бозигар барои гузаштан ба ин бошгоҳ розӣ шуд.
Полузащитник национальной сборной Таджикистана Нуриддин Давронов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Давронов аз "Истиқлол" ба тими Ҳиндустон гузашт
Кова Тилавпур, агенти бозигар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бошгоҳи футболи Эрон барои ин бозигар аз Тоҷикистон ба “Навбаҳор” 500 ҳазор доллар пардохт кардааст.
Маълум аст, ки дар ҳайати "Навбаҳор", Эҳсони Панҷшанбе дар маҷмӯъ 44 бозӣ дар Суперлигаи Ӯзбекистон гузаронидааст. Вай дар ин муддат 2 гол зад 2 партоби головар дошт.
Дар ҳамин ҳол, нимҳимоятгар, ки қаблан бозигари асосии даста буд, пас аз омадани мураббии нав Самвел Бабаян дар соли 2022 дар қатори бозигарони эҳтиётӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Эҳсони Панҷшанбе аз “Истиқлол”-и Душанбе ба “Навбаҳор” кӯчида, фаъолияти варзишии худро аз онҷо оғоз кардааст.
Аз соли 2016 дар якҷоягӣ бо даста чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Суперҷоми кишвар ва инчунин финалисти Ҷоми AFC-2017 буд.
Лентаи хабарҳо
0