https://sputnik.tj/20220714/donishgoh-omuzgori-tojikiston-chin-muallim-1049999719.html
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон барои Чин муаллим омода мекунад
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон барои Чин муаллим омода мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи барнома Донишгоҳи омӯзгорӣ аввал дар бахши бакалавр ва дар оянда дар зинаҳои магистратура ва докторантура низ барои Чин мутахассис омода мекунад
2022-07-14T19:31+0500
2022-07-14T19:31+0500
2022-07-14T19:31+0500
донишгоҳи омӯзгорӣ
созишнома
чин
дар тоҷикистон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/68/1025396857_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_8ed6da18b6c72081c83ee66c9f65349d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ширкати "Технологияи таълими Shangdon Daliangzao"-и Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.Ин созишномаи дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 хатмкунандаи мактабҳои миёна ва коллеҷҳои Чин таҳия ва тасвиб шудааст.Мувофиқи созишнома, Донишгоҳи омӯзгорӣ хатмкунандагонро дар зинаи бакалавр аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ба тариқи фосилавӣ ва онлайнӣ дарс медиҳад, хабар додааст котиби матбуотии донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ "Ховар".Созишномаро ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва намояндаи ширкати "Технологияи таълими Shangdon Daliangzao"-и Чин дар Тоҷикистон Мақсудҷон Қаҳҳоров имзо кардаанд.Зикр шудааст, ки дар ояндаи наздик донишгоҳ таҳсили фосилавии довталабони чиниро ҳамчунин дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (Phd) низ амалӣ хоҳад кард.Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф созишномаи ҳамкорӣ имзо кардандМанбаъ афзуда, ки довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.Айни ҳол дар донишгоҳ дар маҷмуъ 4538 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд. Аз ин:Гуфта мешавад, ки довталабони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои омӯзгории равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла ба ихтисосҳои химия, биология, математика ва физика таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/68/1025396857_374:0:2625:1688_1920x0_80_0_0_fe29f9cbbf3dc52fb47499245c671397.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муаллим, донишгроҳи омӯзгорӣ, мутахассис
муаллим, донишгроҳи омӯзгорӣ, мутахассис
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон барои Чин муаллим омода мекунад
Тибқи барнома, Донишгоҳи омӯзгорӣ аввал дар бахши бакалавр ва дар оянда дар зинаҳои магистратура ва докторантура низ барои Чин мутахассис омода мекунад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ширкати "Технологияи таълими Shangdon Daliangzao"-и Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ин созишномаи дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 хатмкунандаи мактабҳои миёна ва коллеҷҳои Чин таҳия ва тасвиб шудааст.
Мувофиқи созишнома, Донишгоҳи омӯзгорӣ хатмкунандагонро дар зинаи бакалавр аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ба тариқи фосилавӣ ва онлайнӣ дарс медиҳад, хабар додааст котиби матбуотии донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ "Ховар".
Созишномаро ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва намояндаи ширкати "Технологияи таълими Shangdon Daliangzao"-и Чин дар Тоҷикистон Мақсудҷон Қаҳҳоров имзо кардаанд.
Зикр шудааст, ки дар ояндаи наздик донишгоҳ таҳсили фосилавии довталабони чиниро ҳамчунин дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (Phd) низ амалӣ хоҳад кард.
Манбаъ афзуда, ки довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Айни ҳол дар донишгоҳ дар маҷмуъ 4538 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд. Аз ин:
Гуфта мешавад, ки довталабони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои омӯзгории равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла ба ихтисосҳои химия, биология, математика ва физика таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.