https://sputnik.tj/20220714/afghoniston-badtarin-kishvar-jahon-barobari-zanu-mard-1050000531.html
Афғонистон - бадтарин кишвари ҷаҳон дар шохиси баробарии зану мард
Афғонистон - бадтарин кишвари ҷаҳон дар шохиси баробарии зану мард
Sputnik Тоҷикистон
Поймол шудани ҳуқуқи занон дар Афғонистон ин кишварро дар феҳрасти бадтарин ҷамоҳири ҷаҳон дар ростои риояти ҳуқуқи инсон қарор додааст
2022-07-14T20:50+0500
2022-07-14T20:50+0500
2022-07-14T20:50+0500
афғонистон
толибон
ҳуқуқи башар
занон
осиёи марказӣ
феҳрист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343855_0:1:3073:1729_1920x0_80_0_0_e4f86ff87c78d03140c3de3bd93c7161.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ба асоси таҳқиқи Маҷмаи ҷаҳони иқтисод, Афғонистон дар раддабандии шохис баробарӣ миёни занону мардон дар соли 2022 дар интиҳои ҷадвал қарор гирифта, бадтарин кишвари ҷаҳон шинохта шудаастДар ин радабандӣ, Исландия аз миёни 146 кишвари ҷаҳон дар садр қарор гирифтааст ва пас аз он ба тартиби кишварҳо Финландия, Норвегия, Зеландияи нав ва Шветсия қарор доранд, Афғонистон низ бадтарӣн шароитро дар ҷаҳон дорад.Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар ин таҳқиқ вазъияти баробарии ҷинсиятӣ дар ҷаҳонро дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, омӯзишӣ ва сиҳатӣ баррасӣ ва эълом кардааст, ки агарчӣ вазъият шикофи ҷинсиятӣ дар саросари ҷаҳон аз соли 2006 токунӯн беҳбудии 3,8 дарсадиро нишон медиҳад, аммо агар пешрафт ба сӯйи баробарии ҷинсиятӣ бо ҳамин суръат идома ёбад пешбинӣ мешавад, ки ин шикофи саранҷоми 132 соли дигар аз байн баравад.Саъдияи Зоҳидӣ, мудири маҷмаъи ҷаҳонӣ иқтисод гуфтааст ки илова бар ҳамагирии вируси корона ва шокҳои иқтисодии ношӣ аз он, буҳрони тағироти обу ҳавоӣ низ бар шикофи ҷинсиятӣ, таъсири манфии қобил таваҷҷӯҳӣ гузоштааст.Коршиносон муътақиданд рӯй кор омадани толибон дар Афғонистон занонро дар ин кишвар ба ҳошия рондааст.Толибон ба занони корманд дар ағлаби идороти давлатӣ иҷозаи кор намедиҳанду дарвозаҳои макотибро низ ба рӯй духтарони болотар аз синфи шашум бастаанд.Ҳамчунин дар сохтори ҳукумати муваққати толибон, ҳеҷ зане ҳузур надорад.
https://sputnik.tj/20220711/rohbari-tolibon-hukumati-sad-dar-sadi-islomi-dar-afghoniston-hokim-khohad-shud-1049916052.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343855_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c8c471ced530f171e4463769c717dda8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, занон, ҳуқуқ, феҳраст, ҳуқуқи инсон, ҳукумат, толибон
афғонистон, занон, ҳуқуқ, феҳраст, ҳуқуқи инсон, ҳукумат, толибон
Афғонистон - бадтарин кишвари ҷаҳон дар шохиси баробарии зану мард
Поймол шудани ҳуқуқи занон дар Афғонистон ин кишварро дар феҳрасти бадтарин ҷамоҳири ҷаҳон дар ростои риояти ҳуқуқи инсон қарор додааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ба асоси таҳқиқи Маҷмаи ҷаҳони иқтисод, Афғонистон дар раддабандии шохис баробарӣ миёни занону мардон дар соли 2022 дар интиҳои ҷадвал қарор гирифта, бадтарин кишвари ҷаҳон шинохта шудааст
Дар ин радабандӣ, Исландия аз миёни 146 кишвари ҷаҳон дар садр қарор гирифтааст ва пас аз он ба тартиби кишварҳо Финландия, Норвегия, Зеландияи нав ва Шветсия қарор доранд, Афғонистон низ бадтарӣн шароитро дар ҷаҳон дорад.
Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар ин таҳқиқ вазъияти баробарии ҷинсиятӣ дар ҷаҳонро дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, омӯзишӣ ва сиҳатӣ баррасӣ ва эълом кардааст, ки агарчӣ вазъият шикофи ҷинсиятӣ дар саросари ҷаҳон аз соли 2006 токунӯн беҳбудии 3,8 дарсадиро нишон медиҳад, аммо агар пешрафт ба сӯйи баробарии ҷинсиятӣ бо ҳамин суръат идома ёбад пешбинӣ мешавад, ки ин шикофи саранҷоми 132 соли дигар аз байн баравад.
Саъдияи Зоҳидӣ, мудири маҷмаъи ҷаҳонӣ иқтисод гуфтааст ки илова бар ҳамагирии вируси корона ва шокҳои иқтисодии ношӣ аз он, буҳрони тағироти обу ҳавоӣ низ бар шикофи ҷинсиятӣ, таъсири манфии қобил таваҷҷӯҳӣ гузоштааст.
Коршиносон муътақиданд рӯй кор омадани толибон дар Афғонистон занонро дар ин кишвар ба ҳошия рондааст.
Толибон ба занони корманд дар ағлаби идороти давлатӣ иҷозаи кор намедиҳанду дарвозаҳои макотибро низ ба рӯй духтарони болотар аз синфи шашум бастаанд.
Ҳамчунин дар сохтори ҳукумати муваққати толибон, ҳеҷ зане ҳузур надорад.