https://sputnik.tj/20220713/tojikiston-navzod-khatna-1049965302.html
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор навзодро хатна карданд
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор навзодро хатна карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 500 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷароҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз гардидаанд
2022-07-13T16:40+0500
2022-07-13T16:40+0500
2022-07-13T18:10+0500
дар тоҷикистон
хатна
тандурустӣ
навзод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103101/34/1031013497_0:58:2464:1444_1920x0_80_0_0_02be0f60e14af61486ca60fcaccb430f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи охири соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 46194 кӯдаки навзод аз амалиёти хатна гузаштанд.Дар ин бора котиботи Вазорати тандурустӣ ва ҳимфзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, амалиёти хатна барои кӯдакони навзод ба таври ройгон амалӣ мешавад.Манбаъ меафзояд, феълан дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру навоҳии мамлакат 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷароҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз гардидааст.Вазорат мегӯяд, дар ҳуҷраҳои махсус ҷароҳони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд.Бояд қайд кард, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шуда буд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.Ҳамчунин маросими мазкур танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.Манбаъ қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба Қонун дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон будааст.
https://sputnik.tj/20220630/devashtich-kalonov-tavalludkhona-sokht-1049625489.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103101/34/1031013497_232:0:2232:1500_1920x0_80_0_0_661f2424d9d2eefbb71ca73b609cae46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон хатна навзод
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор навзодро хатна карданд
16:40 13.07.2022 (Навсозишуда: 18:10 13.07.2022) Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 500 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи охири соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 46194 кӯдаки навзод аз амалиёти хатна гузаштанд.
Дар ин бора котиботи Вазорати тандурустӣ ва ҳимфзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти хатна барои кӯдакони навзод ба таври ройгон амалӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, феълан дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру навоҳии мамлакат 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷароҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз гардидааст.
Вазорат мегӯяд, дар ҳуҷраҳои махсус ҷароҳони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд.
Бояд қайд кард, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шуда буд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.
Ҳамчунин маросими мазкур танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба Қонун дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон будааст.