https://sputnik.tj/20220630/devashtich-kalonov-tavalludkhona-sokht-1049625489.html
Занони Росровут дигар дар хона таваллуд намекунанд: Калонов барои онҳо таваллудхона сохт
Занони Росровут дигар дар хона таваллуд намекунанд: Калонов барои онҳо таваллудхона сохт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷамоати деҳоти Росровут ба далели мавҷуд набудани таваллудхона занон дар хона таваллуд мекарданд. Ҳоло ин мушкили онҳоро соҳибкорӣ ватанӣ бартараф кард 30.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-30T11:52+0500
2022-06-30T11:52+0500
2022-06-30T12:16+0500
дар тоҷикистон
деваштич
иҷтимоъ
таваллудхона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/39/1029393917_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8e421910126baa5ccc67ea9d3eef9f16.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Мушкили занони ҳомила дар ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич ҳал шуд. Занони ҷамоати мазкур ба далели мавҷуд набудани таваллудхона зоиши хонагӣ мекарданд.Зимнан, аҳли ҷамоати Росровут барои ҳалли мушкилашон ба ҳокимияти Деваштич ва соҳибкор Ҳусейн Калонов муроҷиат намуданд ва талаби онҳо қонеъ гардонда шуд.Котиботи ноҳияи Деваштич хабар медиҳад, ки соҳибкор Калонов бо харҷи ду миллион сомонӣ барои сокинони ҷамоати мазкур таваллудхонаи муосир сохта ба истифода дод.Маврид ба зикр аст, ки дар аксар минтақаҳо бинобар мавҷуд набудани шароити созгор барои таваллуди кӯдак, ҳомиладоро дар хона таваллуд мекунанд, ки дар аксар вақт ба фавти модару кӯдак анҷом меёбад.Қаблан мақомоти тандурустии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, яке аз навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон хабар доданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таваллуд дар шароити хона ба қайд гирифта мешаванд.Ба маълумоти беморхонаи марказии ноҳияи мазкур, тайи 12 моҳи соли гузашта 124 кӯдак дар хона таваллуд шудааст.Таъкид шудааст, ки гарчанде зоиши хонагӣ ҳамагӣ 9,1%-и таваллуди умумӣ дар ноҳияро ташкил медиҳад, ҳанӯз ҳам ҷой доштани ин зуҳурот нишондиҳандаи камбуди мутахассисону мушкили дастрасӣ ба инфрасохтори тиббӣ мебошад.Масъулини тандурустӣ мегӯянд, зоиши хонагӣ асосан дар деҳаҳои дурдаст, мавзеъҳое, ки таваллудхона надоранд, роҳашон то ба ноҳия хеле дур ва валангор аст, бештар сабт мегардад.Дар ҳамин ҳол масъулин аз хатари зоиш дар хона ҳушдор дода, таъкид мекунанд, шароитеро, ки таваллудхонаҳо доранд, дар хона фароҳам кардан ғайриимкон аст.
https://sputnik.tj/20220114/tavallud-sharoit-khona-nohiya-shamsiddini-shohin-1044809468.html
деваштич
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/39/1029393917_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_56f34da711ca844c96eef98b7d2148fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, деваштич, иҷтимоъ, таваллудхона
дар тоҷикистон, деваштич, иҷтимоъ, таваллудхона
Занони Росровут дигар дар хона таваллуд намекунанд: Калонов барои онҳо таваллудхона сохт
11:52 30.06.2022 (Навсозишуда: 12:16 30.06.2022) Дар ҷамоати деҳоти Росровут ба далели мавҷуд набудани таваллудхона занон дар хона таваллуд мекарданд. Ҳоло ин мушкили онҳоро соҳибкорӣ ватанӣ бартараф кард
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Мушкили занони ҳомила дар ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич ҳал шуд. Занони ҷамоати мазкур ба далели мавҷуд набудани таваллудхона зоиши хонагӣ мекарданд.
Зимнан, аҳли ҷамоати Росровут барои ҳалли мушкилашон ба ҳокимияти Деваштич ва соҳибкор Ҳусейн Калонов муроҷиат намуданд ва талаби онҳо қонеъ гардонда шуд.
Котиботи ноҳияи Деваштич хабар медиҳад, ки соҳибкор Калонов бо харҷи ду миллион сомонӣ барои сокинони ҷамоати мазкур таваллудхонаи муосир сохта ба истифода дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар аксар минтақаҳо бинобар мавҷуд набудани шароити созгор барои таваллуди кӯдак, ҳомиладоро дар хона таваллуд мекунанд, ки дар аксар вақт ба фавти модару кӯдак анҷом меёбад.
Қаблан мақомоти тандурустии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, яке аз навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон хабар доданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таваллуд дар шароити хона ба қайд гирифта мешаванд.
Ба маълумоти беморхонаи марказии ноҳияи мазкур, тайи 12 моҳи соли гузашта 124 кӯдак дар хона таваллуд шудааст.
Таъкид шудааст, ки гарчанде зоиши хонагӣ ҳамагӣ 9,1%-и таваллуди умумӣ дар ноҳияро ташкил медиҳад, ҳанӯз ҳам ҷой доштани ин зуҳурот нишондиҳандаи камбуди мутахассисону мушкили дастрасӣ ба инфрасохтори тиббӣ мебошад.
Масъулини тандурустӣ мегӯянд, зоиши хонагӣ асосан дар деҳаҳои дурдаст, мавзеъҳое, ки таваллудхона надоранд, роҳашон то ба ноҳия хеле дур ва валангор аст, бештар сабт мегардад.
Дар ҳамин ҳол масъулин аз хатари зоиш дар хона ҳушдор дода, таъкид мекунанд, шароитеро, ки таваллудхонаҳо доранд, дар хона фароҳам кардан ғайриимкон аст.