https://sputnik.tj/20220713/oghoz-sabti-imei-kod-simkort-1049961332.html
Оғози сабти IMEI-кодҳо дар Тоҷикистон ва эҳтимоли қатъи кори садҳо ҳазор симкорт
Оғози сабти IMEI-кодҳо дар Тоҷикистон ва эҳтимоли қатъи кори садҳо ҳазор симкорт
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандоне, ки сим-кортҳояшонро дар Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифтаанд, сабти IMEI-коди дастгоҳи мобилияшон автоматӣ сурат мегирад
2022-07-13T13:40+0500
2022-07-13T13:40+0500
2022-07-13T18:23+0500
дар тоҷикистон
алоқа
мобилӣ
симкорт
сабт
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:22:1920:1102_1920x0_80_0_0_cfc8e46fb29982f0a179db387d29e9b3.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳудуди 2,8 миллион симкорт дар Тоҷикистон ҳанӯз бо пешниҳоди шиносномаҳои нав ба қайд гирифта нашудаанд, ки аз ин 1,4 млн ададаш фаъол мебошанд. Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт. Атоев аз шаҳрвандон даъват намуд, ки симкортҳояшонро аз нав ба қайд гиранд, то хизматрасонӣ ба онҳо қатъ нашавад.Ба гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа, агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нав ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.Атоев изҳор дошт, ки аллакай таҷҳизоти зарурӣ насб карда шуда, ширкати ватании "Net Solution" ба ин кор машғул мебошад. Тавзеҳ дода шуд, ки баъди сабти симкорт таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефоне, ки ба истифодаи ин симкорт истифода мешавад, автоматӣ ба қайд гирифта мешавад, аз тариқи худкор IMEI-коди таҷҳизот мушаххас мешавад.Шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7,9 млн ададро ташкил медиҳад, ки беш аз 5,4 млн фаъол мебошанд. Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.Ҳукумат бори охир муҳлати бақайдгирии симкортҳоро бо шиносномаҳои намунаи ҷадид то 15-уми феврали соли 2023 тамдид кард.
https://sputnik.tj/20220713/qat-internet-vmkb-1049958177.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/17/1031321742_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_426e2d7a23504f0f57f03be45b058a60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, сабт, код, тоҷикистон
оғоз, сабт, код, тоҷикистон
Оғози сабти IMEI-кодҳо дар Тоҷикистон ва эҳтимоли қатъи кори садҳо ҳазор симкорт
13:40 13.07.2022 (Навсозишуда: 18:23 13.07.2022) Шаҳрвандоне, ки симкортҳояшонро дар Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифтаанд, сабти IMEI-коди дастгоҳи мобилияшон ба сурати автоматӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳудуди 2,8 миллион симкорт дар Тоҷикистон ҳанӯз бо пешниҳоди шиносномаҳои нав ба қайд гирифта нашудаанд, ки аз ин 1,4 млн ададаш фаъол мебошанд.
Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.
Атоев аз шаҳрвандон даъват намуд, ки симкортҳояшонро аз нав ба қайд гиранд, то хизматрасонӣ ба онҳо қатъ нашавад.
Ба гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа, агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нав ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.
Атоев изҳор дошт, ки аллакай таҷҳизоти зарурӣ насб карда шуда, ширкати ватании "Net Solution" ба ин кор машғул мебошад.
Тавзеҳ дода шуд, ки баъди сабти симкорт таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефоне, ки ба истифодаи ин симкорт истифода мешавад, автоматӣ ба қайд гирифта мешавад, аз тариқи худкор IMEI-коди таҷҳизот мушаххас мешавад.
Шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7,9 млн ададро ташкил медиҳад, ки беш аз 5,4 млн фаъол мебошанд.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.
Ҳукумат бори охир муҳлати бақайдгирии симкортҳоро бо шиносномаҳои намунаи ҷадид то 15-уми феврали соли 2023 тамдид кард.