https://sputnik.tj/20220713/qat-internet-vmkb-1049958177.html
Хадамоти алоқа сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро гуфт. Зарари мизоҷонро кӣ ҷуброн мекунад?
Хадамоти алоқа сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро гуфт. Зарари мизоҷонро кӣ ҷуброн мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи интиқоли интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба далоили амниятӣ рабт дода, ҳадафи онро ҳифзи субот хонд
2022-07-13T11:45+0500
2022-07-13T11:45+0500
2022-07-13T13:12+0500
дар тоҷикистон
вмкб
интернет
қатъ
ҷуброн
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032733493_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_88cbb6b783973693fd042f97ce99fdbd.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Қатъ интернету алоқа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки нимсолаи аввали соли равон сурат гирифт, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифт. Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадафи он таъмини бехатарии шаҳрванд, ҷамъият ва сулҳу субот дар кишвар мебошад. Дар мавриди он, ки ҷуброни зарари муштариёнро кӣ пардохт мекунад, чун сарфи назар аз қатъи дастрасӣ ҳаққи интернету алоқаро пардохт кардаанд, Атоев изҳор дошт, ки инро қонунгузорӣ муқаррар кардааст. Вай мушаххас нагуфт, ки қонунгузор кӣ ё кадом ниҳодро масъули пардохти ҷуброни зарар ба муштариён дар чунин ҳолатҳо кардааст. Маврид ба зикр аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет охири моҳи июн барқарор шуд. Сокинони вилоят беш аз як моҳ аз истифодаи он маҳрум буданд. Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳо дар нимаи моҳи майи соли равон қатъ гардида буд.Инчунин моҳи ноябри соли гузашта хадамоти интернет дастнорас шуда буд, ки моҳҳо тӯл кашид. Он замон интернет пас аз таҷаммӯи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ қатъ шуд.Сокинони вилоят танҳо бо гузашти чор моҳ, аниқтараш дар арафаи ҷашни Наврӯз дубора ба интернет дастрасӣ пайдо карданд.
https://sputnik.tj/20220713/khadamoti-aloqa-surati-internet-tojikiston-1049956226.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032733493_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_17649d1be7d005a963692c50d7ba9b76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зарар, муштариён, интернет, вмкб, ҷуброн
зарар, муштариён, интернет, вмкб, ҷуброн
Хадамоти алоқа сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро гуфт. Зарари мизоҷонро кӣ ҷуброн мекунад?
11:45 13.07.2022 (Навсозишуда: 13:12 13.07.2022) Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба далоили амниятӣ рабт дода, ҳадафи онро ҳифзи субот хонд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Қатъ интернету алоқа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки нимсолаи аввали соли равон сурат гирифт, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифт.
Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадафи он таъмини бехатарии шаҳрванд, ҷамъият ва сулҳу субот дар кишвар мебошад.
Дар мавриди он, ки ҷуброни зарари муштариёнро кӣ пардохт мекунад, чун сарфи назар аз қатъи дастрасӣ ҳаққи интернету алоқаро пардохт кардаанд, Атоев изҳор дошт, ки инро қонунгузорӣ муқаррар кардааст. Вай мушаххас нагуфт, ки қонунгузор кӣ ё кадом ниҳодро масъули пардохти ҷуброни зарар ба муштариён дар чунин ҳолатҳо кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет охири моҳи июн барқарор шуд. Сокинони вилоят беш аз як моҳ аз истифодаи он маҳрум буданд.
Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳо дар нимаи моҳи майи соли равон қатъ гардида буд.
Инчунин моҳи ноябри соли гузашта хадамоти интернет дастнорас шуда буд, ки моҳҳо тӯл кашид. Он замон интернет пас аз таҷаммӯи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ қатъ шуд.
Сокинони вилоят танҳо бо гузашти чор моҳ, аниқтараш дар арафаи ҷашни Наврӯз дубора ба интернет дастрасӣ пайдо карданд.