https://sputnik.tj/20220713/khatlon-dukhtur-namerasad-1049967364.html
Дар Хатлон духтур намерасад: 269 пизишк корро тарк карданд
Дар Хатлон духтур намерасад: 269 пизишк корро тарк карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Хатлон ба норасоии шадиди пизишкон рӯбарӯ шудааст. Бо вуҷуди ин, теъдоди зиёди табибон бо сабабҳои гуногуни тарки пеша мекунанд
2022-07-13T17:00+0500
2022-07-13T17:00+0500
2022-07-13T18:09+0500
дар тоҷикистон
хатлон
тандурустӣ
табиб
норасоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_0:0:3352:1887_1920x0_80_0_0_071e30471bab57e789d8627a2f7975b0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи ахир 269 нафар корманди соҳаи тандурустӣ корро тарк карданд.Дар ин бора Шайдулло Шарифов сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Гуфта мешавад, аз миёни 269 табиб, 63 нафар корро партофта, ба муҳоҷират рафтанд. Ҳамчунин 102 табиби дигар ба муассисаҳои дигар пайваста, 11 тани дигар бинобар расидани синнашон ба нафақа,корро тарк карданд.Ба таъкиди ӯ, феълан дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 1157 табиб намерасад.Шарифов қайд намуд. ки ин рақам дар авоили соли равон бештар буд, вале ҳоло 188 табиб тоза ба кор ҷалб карда шудаанд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.Қаблан, моҳи феврали соли равон, Вазири тандурустии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 120 пизишк намерасад.Ҳамчунин вазир гуфта буд, ки соли гузашта 109 корманди тиб ба нафақа рафтаанд, 54 табиб ва 78 тан аз кормандони миёнаи тиб фавтидаанд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст.Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 20 797 табиб ва 60 329 корманди миёнаи тиб дар бемористонҳои кишвар кор мекунанд.
https://sputnik.tj/20220210/kambudi-nazdik-pizishk-bemoristonhoi-tojikiston-1045738069.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_338:0:3069:2048_1920x0_80_0_0_3bff555fd5748df34ab46c36d6eb7284.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон табиб намерасад
Дар Хатлон духтур намерасад: 269 пизишк корро тарк карданд
17:00 13.07.2022 (Навсозишуда: 18:09 13.07.2022) Вилояти Хатлон ба норасоии шадиди пизишкон рӯ ба рӯ шудааст. Бо вуҷуди ин теъдоди зиёди табибон бо сабабҳои гуногун тарки пеша мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи ахир 269 нафар корманди соҳаи тандурустӣ корро тарк карданд.
Дар ин бора Шайдулло Шарифов сардори Раёсати тандурустии вилоят зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, аз миёни 269 табиб, 63 нафар корро партофта, ба муҳоҷират рафтанд. Ҳамчунин 102 табиби дигар ба муассисаҳои дигар пайваста, 11 тани дигар бинобар расидани синнашон ба нафақа,корро тарк карданд.
"Дар шаш моҳи ахир нуҳ табиб дар вилояти Хатлон фавтиданд ва ҳамчунин иллати аз кор рафтани 84 табиби дигар номаълум аст", - илова намуд Шарифов.
Ба таъкиди ӯ, феълан дар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон 1157 табиб намерасад.
Шарифов қайд намуд. ки ин рақам дар авоили соли равон бештар буд, вале ҳоло 188 табиб тоза ба кор ҷалб карда шудаанд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Қаблан, моҳи феврали соли равон, Вазири тандурустии кишвар, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 120 пизишк намерасад.
Ҳамчунин вазир гуфта буд, ки соли гузашта 109 корманди тиб ба нафақа рафтаанд, 54 табиб ва 78 тан аз кормандони миёнаи тиб фавтидаанд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 20 797 табиб ва 60 329 корманди миёнаи тиб дар бемористонҳои кишвар кор мекунанд.