https://sputnik.tj/20220210/kambudi-nazdik-pizishk-bemoristonhoi-tojikiston-1045738069.html
Камбуди наздик ба 700 пизишк дар бемористонҳои Тоҷикистон
Камбуди наздик ба 700 пизишк дар бемористонҳои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Тоҷикистон норасоии 674 пизишк эҳсос мешавад
2022-02-10T19:25+0500
2022-02-10T19:25+0500
2022-02-10T20:56+0500
дар тоҷикистон
пизишк
тандурустӣ
табиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/12/1031921566_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_a439836697e8f4f09734b49bd0017df9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бахши тобеи ӯ дар кишвар ба мутахассисон ниёз дорад, вале ишора кард, ки ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки дар тамоми дунё ин вазъ ба назар мерасад.Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Тоҷикистон 674 пизишк намерасад.Вай ҳамчунин гуфт, дар Душанбе ҳам 150 пизишк намерасад ва ВМКБ ҳамагӣ ба 11 пизишк ниёз доштаанду халос.Вазир яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибонро адами имтиёзҳои хосе донист, ки кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд.Тибқи иттилои вазири тандурустӣ, соли гузашта 109 корманди тиб ба нафақа рафтаанд, 54 табиб ва 78 тан аз кормандони миёнаи тиб фавтидаанд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст.Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчунин илова кард, ки барои пешгирӣ аз тарки вазифа кардани мутахассисон ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд ва барои мутахассисони ҷавон имтиёзҳо, аз ҷумла ҷудо намудани замину хона пешбинӣ кардаанд.Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 20 797 табиб ва 60 329 корманди миёнаи тиб дар бемористонҳои кишвар кор мекунанд.
https://sputnik.tj/20220120/zodagon-vmkb-maskav-yagon-omikron-1044988722.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/12/1031921566_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_141bd5a3c29fabf70df3d77c7408db9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пизишк, тандурустӣ, табиб, бемористон
тоҷикистон, пизишк, тандурустӣ, табиб, бемористон
Камбуди наздик ба 700 пизишк дар бемористонҳои Тоҷикистон
19:25 10.02.2022 (Навсозишуда: 20:56 10.02.2022) Вазири тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Тоҷикистон норасоии 674 пизишк эҳсос мешавад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бахши тобеи ӯ дар кишвар ба мутахассисон ниёз дорад, вале ишора кард, ки ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест, балки дар тамоми дунё ин вазъ ба назар мерасад.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Тоҷикистон 674 пизишк намерасад.
“Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 180 пизишк ва корманди миёнаи тиб намерасад. Дар вилояти Хатлон шумораи пизишкони мавриди ниёз ба 120 нафар мерасад ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба 128 духтуру корманди миёнаи тиб ниёз доранд”, - гуфт вазир.
Вай ҳамчунин гуфт, дар Душанбе ҳам 150 пизишк намерасад ва ВМКБ ҳамагӣ ба 11 пизишк ниёз доштаанду халос.
Вазир яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибонро адами имтиёзҳои хосе донист, ки кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд.
“Баъзе кишварҳо талош доранд, барои ҷалби пизишкон барномаҳои боимтиёз пешниҳод кунанд. Як сабаби дигари аз Тоҷикистон рафтани пизишкон баланд бардоштани сатҳи касбият мебошад”, - таъкид кард Абдуллозода.
Тибқи иттилои вазири тандурустӣ, соли гузашта 109 корманди тиб ба нафақа рафтаанд, 54 табиб ва 78 тан аз кормандони миёнаи тиб фавтидаанд, ки ин ҳам яке аз далелҳои дигари норасоии кадрӣ шудааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамчунин илова кард, ки барои пешгирӣ аз тарки вазифа кардани мутахассисон ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд ва барои мутахассисони ҷавон имтиёзҳо, аз ҷумла ҷудо намудани замину хона пешбинӣ кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 20 797 табиб ва 60 329 корманди миёнаи тиб дар бемористонҳои кишвар кор мекунанд.