https://sputnik.tj/20220713/khadamot-gumruk-manfiat-basta-marz-tojikiston-qirghiziston-1049971433.html
Хадамоти гумрук манфиати баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт
Хадамоти гумрук манфиати баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Хадамоти гумрук гуфт, феълан панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст, вале ба ҷумҳурӣ молу маҳсулот ҳамоно ворид мешаванд
2022-07-13T19:40+0500
2022-07-13T19:40+0500
2022-07-13T21:41+0500
дар тоҷикистон
хадамоти гумруки тоҷикистон
марз
қирғизистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041310027_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_c94d66c6c1733203c1b50592cbbeec54.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз баста будани марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард. Хуршед Каримзода роҳбари ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ манфиати баста будани сарҳадро шарҳ дод.Ба таъкиди ӯ маҳкам будани марз як сабукӣ буда, қочоқи молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.Каримзода гуфт, феълан панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст, вале тавассути кишвари сеюм молу маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад.Ӯ афзуд, молу маҳсулоти ин кишвар тавассути Қазоқистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад ва дар шаш моҳи соли равон гардиши молӣ бо Қирғизистон ҳамагӣ 6,6 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 млн доллар кам мебошад.Роҳбари Хадамоти гумрук афзуд, ки аз Қирғизистон асосан ангишт ворид мешавад.Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
https://sputnik.tj/20220628/tojikiston-qirghiziston-masala-alomatguzori-marz-barrasi-1049574432.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041310027_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_60a54cfa23ec85f86ad88ae975f218d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз хадамоти гумрук
тоҷикистон қирғизистон марз хадамоти гумрук
Хадамоти гумрук манфиати баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро гуфт
19:40 13.07.2022 (Навсозишуда: 21:41 13.07.2022) Роҳбари Хадамоти гумрук гуфт, феълан панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бастааст, вале ба ҷумҳурӣ молу маҳсулот ҳамоно ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз баста будани марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард. Хуршед Каримзода роҳбари ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ манфиати баста будани сарҳадро шарҳ дод.
Ба таъкиди ӯ маҳкам будани марз як сабукӣ буда, қочоқи молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Каримзода гуфт, феълан панҷ гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста аст, вале тавассути кишвари сеюм молу маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Ӯ афзуд, молу маҳсулоти ин кишвар тавассути Қазоқистону Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад ва дар шаш моҳи соли равон гардиши молӣ бо Қирғизистон ҳамагӣ 6,6 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 млн доллар кам мебошад.
Роҳбари Хадамоти гумрук афзуд, ки аз Қирғизистон асосан ангишт ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.