https://sputnik.tj/20220628/tojikiston-qirghiziston-masala-alomatguzori-marz-barrasi-1049574432.html
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷузъиёти мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ифшо нашудааст, танҳо зикр гардид, ки як вохӯрии дигар дар Бишкек сурат мегирад
2022-06-28T17:15+0500
2022-06-28T17:15+0500
2022-06-28T18:17+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135909_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_71dccc081ebacf20fc047e721acb42ad.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрӣ ва мулоқоти чандрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷӣ.Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид ва дар фарҷом як протоколи дахлдор ба имзо расид.Вазорат аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намудааст ва ҷузъиёти бештарро ифшо накардааст.Танҳо зикр шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстона сурат гирифт ва интизор меравад, ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар Қирғизистон баргузор шавад.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.
https://sputnik.tj/20220604/tojikiston-marz-qirghiziston-1048943063.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135909_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_414075232e2a9bcbd77dc31800174fe6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз
тоҷикистон қирғизистон марз
Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
17:15 28.06.2022 (Навсозишуда: 18:17 28.06.2022) Ҷузъиёти мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ифшо нашудааст, танҳо зикр гардида, ки як вохӯрии дигар дар Бишкек сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Душанбе вохӯрӣ ва мулоқоти чандрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт,
хабар медиҳад Вазорати умури хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид ва дар фарҷом як протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вазорат аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намудааст ва ҷузъиёти бештарро ифшо накардааст.
Танҳо зикр шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстона сурат гирифт ва интизор меравад, ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар Қирғизистон баргузор шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.