Федератсияи Суғд дастаҳои футболро барои дарёфти ҷом даъват мекунад

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболисты на поле, архивное фото
Футболисты на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Федератсияи футболи Суғд дастаҳои шаҳру навоҳиро барои дарёфти Ҷоми футбол-2022 ба сабқат даъват мекунад. Дар ин хусус аз ФФС иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Аз ФФ Суғд хабар доданд, ки маросими қуръакашӣ санаи 20 июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Аҳлиддин Юнусов, котиби генералии ФФ Суғд бо ироаи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои дарёфти Ҷом дастаҳои футболи Лигаи дуюм, тимҳои футболи корхонаву ташкилотҳо аз шаҳру ноҳияҳо имкони иштирок карданро доранд.
“Қуръакашӣ санаи 20 июл соати 14:00 дар “Қасри варзиш” и Хуҷанд доир мешавад. Дар ин маросим дастаҳои иштирокчии Лигаи дуюм, дастаҳои шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо, бидуни мушкил иштирок карда метавонанд” – афзуд, Юнусов.
Бар пояи иттилоъи Федератсия ҳоло дар вилояти Суғд нуҳ дастаи футбол “Парвоз”, “Мастчоҳ”, “Исфара”, “Саразм”, “Ғулакандоз”, “Канд ММФ”, “Суғдиён”, “Ашт”, “Спитамен” ташкил шудааст, ки дар Лигаи дуюм иштирок мекунанд.
Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
КФО ба Тоҷикистон барои ташкили мусобиқоти футбол изҳори сипос кард
Аммо ба далели вазъи ноустувори иқтисодӣ баъзе шаҳру ноҳияҳо дар дар ташкили дастаи футбол ночор мондаанд. Аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ на дар лигаи Дуюм ва на дар Лигаи Олӣ дастаи футбол надоранд.
Ин шаҳру ноҳияҳо дар феҳристи ҳукумати Суғд субвенсионӣ маҳсуб мешаванд, ки ҳаҷми даромади буҷҷавиашон хароҷоти ҷории худро таъмин карда наметавонад. Ва ба ҳамин далел аз ҳисоби ҳукумати вилоят маблағҳои субвенсионӣ ихтисос дода мешавад.
Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми сайёри вилояти Суғд аз соли 2001 ба ин тараф доир карда мешавад. Бештар аз ҳамаи дастаи “Эсхата” и Хуҷанд нуҳ маротиба барандаи ин ҷоизаи футбол шудааст.Ин даста аз ҷониби бонки “Эсхата” пуштибонии молӣ мешавад.
Соли гузашта ҷоми мазкур насиби дастаи "Гулистон” ш. Гулистон гашта буд.
Бояд гуфт, ки барои дастаи ғолиб ҷом ва медал тақдим карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0