КФО ба Тоҷикистон барои ташкили мусобиқоти футбол изҳори сипос кард

© ФФТЧемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D»
Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
КФО ба кори ФФТ дар ҷараёни бозиҳои Ҷоми КФО-2022 дар Душанбе баҳои баланд дода, барои ташкили шоистаи ин чорабинӣ изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Пас аз анҷоми Ҷоми КФО - 2022 дар гурӯҳи "Е" Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили як мусобиқаи мутамарказ изҳори сипос кардааст, хабар медиҳад маркази матбуотии ФФТ.
Аз 24 то 30 июн дар шаҳри Душанбе мусобиқоти футбол дар гурӯҳи “Е” баргузор шуд.
Дар як номаи расмӣ дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон бо анҷоми бомуваффақияти мусобиқа табрик гуфт.
"Мо ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои меҳмоннавозии олӣ ба ҳайати КФО ва ҳамаи клубҳои ширкаткунанда, инчунин барои тамоми чораҳое, ки ҷиҳати таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии ҳамаи иштирокчиён андешида шудаанд, изҳори сипос мекунем", — гуфта мешавад дар нома.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки баргузории чорабинии байналмилалӣ "намоиши фидокорӣ, заҳмат ва заҳматҳои монданашавандаи ФТФ" бо вуҷуди шароити душвор буд.
Дабири кулли нави Федератсияи футболи Тоҷикистон кист?
Датук Сери Виндзор Ҷон ба ҳамкориҳои минбаъда бо Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 чаҳор бошгоҳи Осиёи Марказӣ ширкат доштанд:
ССКА – Тоҷикистон;
"Суғдиёна" - Ӯзбекистон,
"Олтин Асир" - Туркманистон;
"Нефтчӣ" - Қирғизистон.
Дар маҷмӯъ, шаш вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 20,2 ҳазор мухлис ширкат дошт.
Тими "Суғдиёна"-и Ӯзбекистон ғолиби гурӯҳи "Е" гардид.
Ин даста ба даври ниҳоии минтақавӣ баромад. Дар ҳамин ҳол, тими “Хуҷанд” пас аз бозии мусовӣ бо тими “Дордой”-и Қирғизистон дар Бишкек, дар гурӯҳи “F” пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0