https://sputnik.tj/20220713/berdimuhammadov-davat-mirziyoev-uzbekiston-1049969690.html
Бердимуҳаммадови хурдӣ бо даъвати Мирзиёев ба Ӯзбекистон меравад
Бердимуҳаммадови хурдӣ бо даъвати Мирзиёев ба Ӯзбекистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Туркманистон бо даъвати раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба ин кишвар сафар мекунад. Интизор меравад, ӯ аз шаҳри Самарқанд низ боздид кунад 13.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-13T18:40+0500
2022-07-13T18:40+0500
2022-07-13T18:40+0500
осиёи марказӣ
туркманистон
ӯзбекистон
сардор бердимуҳаммадов
мирзиёев
шавкат мирзиёев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/06/1049779372_0:49:3023:1749_1920x0_80_0_0_86bde2e9a706a6bd31c7bbd033fc0bf0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бо даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов аз Ӯзбекистон дидан мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар дод.Бар хабари манбаъ, сафари Бердимуҳаммадов рӯзи 14 июл сурат мегирад.Манбаъ меафзояд, сарони ду кишвар ҳамкориҳои минбаъдаи Ӯзбекистон ва Туркманистон, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтидори нақлиётию транзити ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.Илова бар ин, раисҷумҳурон лоиҳаҳои соҳаи обёриро низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор медиҳанд. Интизор меравад, дар анҷоми сафар ҷонибҳо як бастаи санадҳоро ба тасвиб расонанд.Котиботи президент мегӯяд, ки Бердимуҳаммадов аз шаҳри Самарқанд низ боздид хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки қаблан Бердимуҳаммадови хурдӣ бо даъвати Путин ба Русия сафар карда буд.Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба қудрат расиданаш ба мақоми раҳбари Туркманистон буд.Зимни мулоқот сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.Илова бар ин, раҳбари Русия ба ҳамтои худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина иттилоъ додааст.Путин ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин Эъломияро дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегӣ байни кишварҳо имзо карданд.
https://sputnik.tj/20220516/mirziyoev-berdimuhammadov-masala-barqaror-afghoniston-barasi-1048487224.html
туркманистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/06/1049779372_245:0:2974:2047_1920x0_80_0_0_4b309579433eedc8bdcb3edbf964515c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, туркманистон, ӯзбекистон, сардор бердимуҳаммадов, мирзиёев, шавкат мирзиёев, сиёсат
осиёи марказӣ, туркманистон, ӯзбекистон, сардор бердимуҳаммадов, мирзиёев, шавкат мирзиёев, сиёсат
Бердимуҳаммадови хурдӣ бо даъвати Мирзиёев ба Ӯзбекистон меравад
Кишвардори Туркманистон бо даъвати раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба ин кишвар сафар мекунад. Интизор меравад, ӯ аз шаҳри Самарқанд низ боздид кунад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бо даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов аз Ӯзбекистон дидан мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сафари Бердимуҳаммадов рӯзи 14 июл сурат мегирад.
Манбаъ меафзояд, сарони ду кишвар ҳамкориҳои минбаъдаи Ӯзбекистон ва Туркманистон, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтидори нақлиётию транзити ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.
Илова бар ин, раисҷумҳурон лоиҳаҳои соҳаи обёриро низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор медиҳанд. Интизор меравад, дар анҷоми сафар ҷонибҳо як бастаи санадҳоро ба тасвиб расонанд.
Котиботи президент мегӯяд, ки Бердимуҳаммадов аз шаҳри Самарқанд низ боздид хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Бердимуҳаммадови хурдӣ бо даъвати Путин ба Русия сафар карда буд.
Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба қудрат расиданаш ба мақоми раҳбари Туркманистон буд.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, раҳбари Русия ба ҳамтои худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина иттилоъ додааст.
Путин ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин Эъломияро дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегӣ байни кишварҳо имзо карданд.