https://sputnik.tj/20220516/mirziyoev-berdimuhammadov-masala-barqaror-afghoniston-barasi-1048487224.html
Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов масъалаи барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд
Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов масъалаи барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Анҷумани байнипарлумонии "Осиёи Марказӣ - Русия" ба таври мунтазам ҷонибдорӣ кардааст 16.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-16T16:45+0500
2022-05-16T16:45+0500
2022-05-16T16:49+0500
ӯзбекистон
туркманистон
афғонистон
сиёсат
шавкат мирзоев
қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:334:2730:1870_1920x0_80_0_0_d1f0c82b695041098c5881bc1c1eff72.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Халқ Маслиҳатии Миллии Генгеши Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлати Ӯзбекистон хабар медиҳад.Бинобар хабари ин ниҳод, Мирзиёев нахуст ҳамтои собиқи худро барои баргузор намудани чорабинии бузурги байналмилалӣ, ки 12-13 май дар Ишқобод сурат гирифт, табрик намуд.Сухан дар бораи нахустин Анҷумани байнипарлумонии "Осиёи Марказӣ – Русия" меравад, ки дар он намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат доштанд.Дар идома котиботи президент таъкид намудааст, ки Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин вазъи феълии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҷонибҳо аз ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу оромӣ дар Афғонистон гуфтаанд ва ҷонибдори барқарор кардани соҳаи иқтисоди ин кишвар шудаанд.Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 12 -13 май бо ташаббуси президенти собиқи Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ду форуми қонунгузорон ва занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20220512/ishqobod-mizbon-mukolama-zanon-om-rusiya-1048381223.html
ӯзбекистон
туркманистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042639809_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_bc98b2809be3d805d8b38e35db02f8b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, туркманистон, афғонистон, сиёсат , шавкат мирзоев, қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
ӯзбекистон, туркманистон, афғонистон, сиёсат , шавкат мирзоев, қурбонгулӣ бердимуҳаммедов
Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов масъалаи барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд
16:45 16.05.2022 (Навсозишуда: 16:49 16.05.2022) Кишвардори Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Анҷумани байнипарлумонии "Осиёи Марказӣ - Русия" ба таври мунтазам ҷонибдорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Халқ Маслиҳатии Миллии Генгеши Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлати Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Бинобар хабари ин ниҳод, Мирзиёев нахуст ҳамтои собиқи худро барои баргузор намудани чорабинии бузурги байналмилалӣ, ки 12-13 май дар Ишқобод сурат гирифт, табрик намуд.
Сухан дар бораи нахустин Анҷумани байнипарлумонии "Осиёи Марказӣ – Русия" меравад, ки дар он намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат доштанд.
Дар идома котиботи президент таъкид намудааст, ки Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин вазъи феълии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу оромӣ дар Афғонистон гуфтаанд ва ҷонибдори барқарор кардани соҳаи иқтисоди ин кишвар шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 12 -13 май бо ташаббуси президенти собиқи Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ду форуми қонунгузорон ва занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд.