https://sputnik.tj/20220712/zelenskiy-olmon-devona-1049941432.html
Зеленский олмониҳоро "девона" кард
Зеленский олмониҳоро "девона" кард
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони маҷаллаи маъруфи олмонӣ аз маҳкумияти Зеленский аз тасмими Канада дар бораи баргардонидани турбинаҳо барои "Маҷрои Шимолӣ" -и Русия ба хашм омадаанд
2022-07-12T16:05+0500
2022-07-12T16:05+0500
2022-07-12T16:05+0500
украина
олмон
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048237425_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_f2293eceb31ceca89a7bb46be1be7f07.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Олмониҳо аз интиқоди раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский нисбати Канада хашмгин шуданд. Дар ин бора шарҳҳои хонандагони маҷаллаи Spiegel шаҳодат медиҳанд. Қаблан мақомоти Канада бо вуҷуди таҳримҳои зидди Русия тасмим гирифта буданд, ки турбинаҳои таъмиршудаи лӯлаи гази Маҷрои Шимолиро ба Олмон баргардонанд. Ин тасмим дар ИМА дастгирӣ ёфт. Департаменти давлатии ин кишвар гуфт, ки чунин истисно аз низоми таҳримҳо имкон медиҳад, ки Аврупо захираҳои газро барқарор кунад. Сиёсати Оттава боиси нооромиҳо дар Украина шудааст. Вазорати умури хориҷаи кишвар аз Канада даъват кард, ки ин тасмимро дубора баррасӣ кунад. Дар навбати худ Зеленский гуфт, ки чунин чораҳо "комилан қобили қабул нест" ва метавонад "на танҳо барои Украина, балки барои тамоми кишварҳои демократӣ" хатарнок бошад. Олмониҳо таъкид карданд, ки ин гуна изҳорот худхоҳона ва риёкорона аст. Ба эътиқоди онҳо, Киев қасдан аз таҳримҳои зидди Русия алайҳи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо истифода мекунад. "Ҳоло Украина ба тарафдорони он ҳамла мекунад! Оё мо бо Украина зери шиори "дарди муштарак нисфи дард аст" бимирем?!" — ба ғазаб омадааст яке аз шореҳон. Дуюмӣ қайд карда, ки сарфи назар аз низоъ, Украина аз Русия маводи сӯхт дарёфт мекунад. Дар ҳамин ҳол, "Ҷаноби Зеленский, бо тамоми ҷиддият мегӯяд, ки Олмон бояд иқтисоди худро ба шамол гузорад ва бидуни гази Русия кор кунад? Нақшаи бузург". Агар раисиҷумҳури Украина нахоҳад, ки "дар кӯча" бошад, бояд мардумро бо гармӣ таъмин кунад, афзуд ӯ. "Истино барои таҳримҳо нишонаи заъф аст”. Агар Зеленский бовар дошта бошад, ки олмониҳо бо хушнудӣ кори худро зери хатар мегузоранд, хато мекунад", - изҳор дошт шореҳ."Худиҳоро муттаҳам мекунад": дар Русия аз нақшаҳои Зеленский сахт интиқод кардандБархе аз хонандагони маҷалла гуфтаанд, ки ба андешаи раҳбари Украина дар ин вазъият "ҳеҷ кас парво надорад" ва давлатҳои дигар низ манофеи худро доранд. Онҳо инчунин Зеленскийро даъват карданд, ки ба ҳалли мушкилаш пардозад, на ташдиди низоъ дар кишвар.
https://sputnik.tj/20220709/prezidenti-olmon-zelenskiy-1049878117.html
украина
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048237425_300:0:2967:2000_1920x0_80_0_0_c8058ca243f11c6030a5ec8b5a5b32d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, зеленский, "маҷрои шимолӣ"
украина, зеленский, "маҷрои шимолӣ"
Зеленский олмониҳоро "девона" кард
Хонандагони маҷаллаи олмонӣ аз он ки Зеленский тасмими Канада дар бораи баргардонидани турбинаҳо барои "Маҷрои шимолӣ"-и Русияро маҳкум кард, ба хашм омадаанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Олмониҳо аз интиқоди раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский нисбати Канада хашмгин шуданд. Дар ин бора шарҳҳои хонандагони маҷаллаи Spiegel шаҳодат медиҳанд.
Қаблан мақомоти Канада бо вуҷуди таҳримҳои зидди Русия тасмим гирифта буданд, ки турбинаҳои таъмиршудаи лӯлаи гази Маҷрои Шимолиро ба Олмон баргардонанд.
Ин тасмим дар ИМА дастгирӣ ёфт. Департаменти давлатии ин кишвар гуфт, ки чунин истисно аз низоми таҳримҳо имкон медиҳад, ки Аврупо захираҳои газро барқарор кунад.
Сиёсати Оттава боиси нооромиҳо дар Украина шудааст. Вазорати умури хориҷаи кишвар аз Канада даъват кард, ки ин тасмимро дубора баррасӣ кунад.
Дар навбати худ Зеленский гуфт, ки чунин чораҳо "комилан қобили қабул нест" ва метавонад "на танҳо барои Украина, балки барои тамоми кишварҳои демократӣ" хатарнок бошад.
Олмониҳо таъкид карданд, ки ин гуна изҳорот худхоҳона ва риёкорона аст. Ба эътиқоди онҳо, Киев қасдан аз таҳримҳои зидди Русия алайҳи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо истифода мекунад.
"Ҳоло Украина ба тарафдорони он ҳамла мекунад! Оё мо бо Украина зери шиори "дарди муштарак нисфи дард аст" бимирем?!" — ба ғазаб омадааст яке аз шореҳон.
Дуюмӣ қайд карда, ки сарфи назар аз низоъ, Украина аз Русия маводи сӯхт дарёфт мекунад.
Дар ҳамин ҳол, "Ҷаноби Зеленский, бо тамоми ҷиддият мегӯяд, ки Олмон бояд иқтисоди худро ба шамол гузорад ва бидуни гази Русия кор кунад? Нақшаи бузург".
"Ба ҷои дикта кардани шароити бароҳат барои кишварҳои дигар, Зеленский метавонад аввал харид ва транзити газ аз Русияро дар кишвараш бас кунад", - тавсия додааст як хонандаи нашрия.
Агар раисиҷумҳури Украина нахоҳад, ки "дар кӯча" бошад, бояд мардумро бо гармӣ таъмин кунад, афзуд ӯ.
"Истино барои таҳримҳо нишонаи заъф аст”. Агар Зеленский бовар дошта бошад, ки олмониҳо бо хушнудӣ кори худро зери хатар мегузоранд, хато мекунад", - изҳор дошт шореҳ.
Бархе аз хонандагони маҷалла гуфтаанд, ки ба андешаи раҳбари Украина дар ин вазъият "ҳеҷ кас парво надорад" ва давлатҳои дигар низ манофеи худро доранд.
Онҳо инчунин Зеленскийро даъват карданд, ки ба ҳалли мушкилаш пардозад, на ташдиди низоъ дар кишвар.