Сабти нахустин ҳолати сурхакони ҳамдуна дар Русия

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПередача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Вирус дар бадани як ҷавоне ба қайд гирифта шуд, ки ба наздикӣ аз Аврупо баргаштааст: ӯ бо доғи хос дар рӯи пӯст ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Русия аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба сурхакони ҳамдуна сабт шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар хадамоти матбуоти Роспотребнадзор хабар доданд.
Ин беморӣ дар як шаҳрванд, ки аз Аврупо баргаштааст, ошкор шудааст. Ҷавон бо аломати хоси вирус, ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кардааст.
"Биоматериалҳои аз бемор гирифташуда ба таври фаврӣ ба муассисаи Роспотребнадзор, ки барои гузаронидани ташхиси дахлдор ваколатдор шудаанд, ирсол карда шуданд. Бар асоси натиҷаҳои омӯзиши биоматериалҳо бемории сурхакони ҳамдуна тасдиқ карда шуд", - омадааст дар хабар.
Роспотребнадзор қайд кард, онҳое, ки бо сироятёфта тамос доштанд, таҳти назорати табибон қарор доранд.
Имконияти минбаъд дар тамоми мамлакат паҳн шудани сироят боздошта шуд.
"Вазъият таҳти назорати қатъии Роспотребнадзор аст", - омадааст дар изҳорот.
ВОЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
СҶБ аз ҳолатҳои сироят шудани кӯдакон аз обилаи маймун гуфт
Ёдовар мешавем, ки сурхакони ҳамдуна як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ, ин табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варам кардани гиреҳҳои лимфа, хунукхӯрӣ ва бемадорӣ мебошад.
СҶБ аз хавфи баланди роҳ ёфтани обилаи маймун ба Русия ҳушдор дод
Маврид ба зикр аст, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон феълан роҳ наёфтааст. Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ворид шудани обилаи маймун ба ҷумҳурӣ қариб ғайриимкон аст. Зеро марз бо Афғонистон, ки он ҷо ин беморӣ дар ҳоли паҳншавӣ қарор дорад, баста аст.
Дар дигар ҳамсоядавлатҳо ин беморӣ сабт нагардидааст.
Ҳоло дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон беш аз 3,5 ҳазор мавриди мубталошавӣ ба ин вирус сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0