https://sputnik.tj/20220712/reyting-donishgoh-tojikiston-1049951989.html
Рейтинги донишгоҳҳои Тоҷикистон: якум маълум шуд
Рейтинги донишгоҳҳои Тоҷикистон: якум маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи нишондиҳандаҳои илмю таълимӣ радабандӣ кардаст
2022-07-12T21:30+0500
2022-07-12T21:30+0500
2022-07-12T21:30+0500
дар тоҷикистон
маориф
донишгоҳ
дмт
мутахассисон
радабандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219694_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_a6c8b2221e205e9380bf56a369d17b8a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ҷойи якумро ишғол намудааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода. Ба гуфтаи ректор, радабандӣ дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди раисҷумҳур сурат гирифта, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ мақом гирифтанд.Шумораи донишҷӯён зиёда аз 23 ҳазор мебошад, ки беш аз 17 ҳазорашон дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд. Теъдоди муҳассилини бахши ғоибонаи ДМТ наздики 5 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.ДМТ аз рӯи 124 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўи 84 ихтисос дар зинаи магистратура ва 103 ихтисос дар зинаи доктор РhD мутахассис омода мекунад. Таҳсил дар донишгоҳ бо 3 забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳоло дар ДМТ 123 кафедра ва 1655 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Аз ҷумла 13 академики Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, 13 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 182 нафар доктори илм, 610 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Тавзеҳ дода шудааст, ки аз ин теъдод 1323 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ ва 345 нафар ҳамчун омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.
https://sputnik.tj/20220706/zindagi-khobgoh-omuzgor-sohibi-khona-1049797867.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/05/1032219694_56:0:888:624_1920x0_80_0_0_19bdaf70a6a2a3b4be39461bdeed95a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беҳтарин, рейтинг, тоҷикистон, донишгоҳ
беҳтарин, рейтинг, тоҷикистон, донишгоҳ
Рейтинги донишгоҳҳои Тоҷикистон: якум маълум шуд
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи нишондиҳандаҳои илмию таълимӣ радабандӣ кардаст
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ҷойи якумро ишғол намудааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода.
Ба гуфтаи ректор, радабандӣ дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди раисҷумҳур сурат гирифта, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ мақом гирифтанд.
"Дар рейтинги мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 236 хол сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун шуд", - изҳор дошт Хушвақтзода.
Шумораи донишҷӯён зиёда аз 23 ҳазор мебошад, ки беш аз 17 ҳазорашон дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд. Теъдоди муҳассилини бахши ғоибонаи ДМТ наздики 5 ҳазор нафар арзёбӣ шудааст.
ДМТ аз рӯи 124 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўи 84 ихтисос дар зинаи магистратура ва 103 ихтисос дар зинаи доктор РhD мутахассис омода мекунад. Таҳсил дар донишгоҳ бо 3 забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки ҳоло дар ДМТ 123 кафедра ва 1655 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Аз ҷумла 13 академики Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, 13 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 182 нафар доктори илм, 610 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки аз ин теъдод 1323 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ ва 345 нафар ҳамчун омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд.