https://sputnik.tj/20220712/khf-marg-saidzoda-tasdiq-1049945702.html
КҲФ марги полковник Саидзода Абубакрро тасдиқ кард
КҲФ марги полковник Саидзода Абубакрро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ сарҳанги марҳумиро инсони ҳақиқӣ хонда, ҳамкори кордону дӯсти шафиқ ва афсари воқеъӣ, ки худро ҳамеша омодаи хидмат ба Ватан медонист, унвон кардааст
2022-07-12T17:41+0500
2022-07-12T17:41+0500
2022-07-12T18:08+0500
даргузашт
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кҳф
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда марги сардори шуъбаи байниминтақавии Кумита дар Кӯлоб, полковник Саидзода Абубакр Сайидро расман тасдиқ кард.Ҳайати шахсии кумита бо аҳли хонаводаи полковники марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.КФҲ даргузашти полковникро нобаҳангом унвон карда, гуфтааст, ки "аз марги ӯ андуҳгин ҳастанд"."Рафтани ӯ талафоти бузургест барои идора. Вай инсони ҳақиқӣ, ҳамкори кордону дӯсти шафиқ буд. Афсари воқеъӣ, ки худро ҳамеша омодаи хидмат ба Ватан медонист, шахсияте буд барои ҳифзи Ватан чизеро дареғ намедошт", - омадааст дар номаи таъзияи КФҲ.Саидзода дар синни 59-солагӣ рӯзи 11 июл даргузашт. КҲФ сабаби марги полковникро нагуфтааст, аммо бино бар хабарҳои расонаҳои маҳаллӣ, сарҳанг дар паи латукӯб ва фишорбаландӣ дар беморхона ҷон бохтааст.Саидзода Абубакр Сайид 13 сентябри соли 1963 таваллуд шудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.Профессор Маҷидов - забоншиноси маъруфи тоҷик даргузаштАз соли 1986 то 1991 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Фаъолияти кории худро соли 1981 чун машинист-оператори дараҷаи 4 оғоз намудааст.Баъди хатми донишоҳ ва кор дар вазифаҳои гуногун соли 2003 ба хидмат дар идораи наҷоти кишвар ҷалб шудааст.Аз соли 2016 то охирин лаҳзаҳои умраш сарварии бахши байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.Суханони охирин пеш аз марг: видеои ҳайратангези Пиер аз беморхонаСаидзода Абубакр Сайид барои хидматҳои арзишмандаш бо чандин мукофотҳои идоравӣ ва мукофоти давлатии медали Шуҷоат сарфароз гардонда шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, полковник, кҳф, кӯлоб
даргузашт, полковник, кҳф, кӯлоб
КҲФ марги полковник Саидзода Абубакрро тасдиқ кард
17:41 12.07.2022 (Навсозишуда: 18:08 12.07.2022) КҲФ сарҳанги марҳумро инсони ҳақиқӣ хонда, ӯро ҳамкори кордону дӯсти шафиқ ва афсари воқеие, ки худро ҳамеша омодаи хидмат ба Ватан медонист, унвон кардааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда марги сардори шуъбаи байниминтақавии Кумита дар Кӯлоб, полковник Саидзода Абубакр Сайидро расман тасдиқ кард.
Ҳайати шахсии кумита бо аҳли хонаводаи полковники марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.
КФҲ даргузашти полковникро нобаҳангом унвон карда, гуфтааст, ки "аз марги ӯ андуҳгин ҳастанд".
"Рафтани ӯ талафоти бузургест барои идора. Вай инсони ҳақиқӣ, ҳамкори кордону дӯсти шафиқ буд. Афсари воқеъӣ, ки худро ҳамеша омодаи хидмат ба Ватан медонист, шахсияте буд барои ҳифзи Ватан чизеро дареғ намедошт", - омадааст дар номаи таъзияи КФҲ.
Саидзода дар синни 59-солагӣ рӯзи 11 июл даргузашт. КҲФ сабаби марги полковникро нагуфтааст, аммо бино бар хабарҳои расонаҳои маҳаллӣ, сарҳанг дар паи латукӯб ва фишорбаландӣ дар беморхона ҷон бохтааст.
Саидзода Абубакр Сайид 13 сентябри соли 1963 таваллуд шудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст.
Аз соли 1986 то 1991 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Фаъолияти кории худро соли 1981 чун машинист-оператори дараҷаи 4 оғоз намудааст.
Баъди хатми донишоҳ ва кор дар вазифаҳои гуногун соли 2003 ба хидмат дар идораи наҷоти кишвар ҷалб шудааст.
Аз соли 2016 то охирин лаҳзаҳои умраш сарварии бахши байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
Саидзода Абубакр Сайид барои хидматҳои арзишмандаш бо чандин мукофотҳои идоравӣ ва мукофоти давлатии медали Шуҷоат сарфароз гардонда шудааст.