https://sputnik.tj/20220712/barq-tojik-afghoniston-intiqol-1049946511.html
Қимати барқи Тоҷикистон дар Афғонистон маълум шуд
Қимати барқи Тоҷикистон дар Афғонистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барқи тоҷик асосан ба вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул содирот мешавад
2022-07-12T19:00+0500
2022-07-12T19:00+0500
2022-07-12T20:39+0500
"барқи тоҷик"
дар тоҷикистон
афғонистон
барқ
энергетика
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047476440_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_235aa935cb81e4bb826331901cd026bf.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар Афғонистон як киловат-соат барқи тоҷик аз 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) то 14 афғонӣ қимат дорад.Як манбаъ дар ширкати "Брешно" – и Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд. "Барқи Тоҷикистон ба ду роҳ - тиҷоратӣ ва раҳоишӣ – ба мизоҷон фурӯхта мешавад. Бино ба ин, як киловат-соат дар шаҳри Қундуз тариқи раҳоишӣ 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) ва тиҷоратӣ –11,5 афғонӣ ва хориҷ аз он дар шаҳристонҳои ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Бағлону Самангон ва Кобул мутаносибан 7 ва 14 афғонӣ қимат дорад", - гуфт манбаъ. Дар ҳамин ҳол, баъди ба қудрат расидани толибон аввалин мушкиле, ки пеш омад, қарздории ширкати “Брешно” пеши кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон буд. То охири соли гузашта ин қарз аз марзи 100 миллион доллар убур кард, ки аз ин 33 миллион доллар ба Тоҷикистон рост меомад. Раиси Ширкати саҳҳомии ҳолдингии “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарӣ рақами мушаххасеро наовард, аммо гуфт, ин қарзҳо аз моҳи январ ба ин сӯ пардохт мешаванд ва дар умум марҳала ба марҳала пардохтпазирии ширкати "Брешно" беҳбуд меёбад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ширкати “Брешно” моҳона ҳудуди 2 миллион доллар қарзашро ба ҳамкори тоҷикиаш пардохт мекунад. Маҳмадумар Асозода гуфт, ҳар сол қарордоди ҷадиде ба имзо мерасад, ки тибқи он, ҳаҷми зарурӣ ва нарх муайян карда мешавад. Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст, ки аз ин 1 млрд 213,1 миллион киловат-соат ё маблағи 612,2 миллион сомонӣ ба Афғонистон ва 1 миллиарду 145,7 миллион киловат-соат ё 259,4 миллион сомонӣ ба ба Ӯзбекистон рост меояд.Ҳамчунин, ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки барқ ба Афғонистонро тибқи созишнома ва бидуни вақфа интиқол медиҳад.
https://sputnik.tj/20220712/tojikiston-casa-1000-anjom-1049936797.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047476440_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3da5a169fc09ac6f2a2e3476ff77be0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
энержӣ, афғонистон, нерӯи барқ, тавлид, фурӯш
энержӣ, афғонистон, нерӯи барқ, тавлид, фурӯш
Қимати барқи Тоҷикистон дар Афғонистон маълум шуд
19:00 12.07.2022 (Навсозишуда: 20:39 12.07.2022) Барқи тоҷик асосан ба вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул содирот мешавад
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар Афғонистон як киловат-соат барқи тоҷик аз 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) то 14 афғонӣ қимат дорад.
Як манбаъ дар ширкати "Брешно" – и Афғонистон ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.
"Барқи Тоҷикистон ба ду роҳ - тиҷоратӣ ва раҳоишӣ – ба мизоҷон фурӯхта мешавад. Бино ба ин, як киловат-соат дар шаҳри Қундуз тариқи раҳоишӣ 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) ва тиҷоратӣ –11,5 афғонӣ ва хориҷ аз он дар шаҳристонҳои ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Бағлону Самангон ва Кобул мутаносибан 7 ва 14 афғонӣ қимат дорад", - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, баъди ба қудрат расидани толибон аввалин мушкиле, ки пеш омад, қарздории ширкати “Брешно” пеши кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон буд.
То охири соли гузашта ин қарз аз марзи 100 миллион доллар убур кард, ки аз ин 33 миллион доллар ба Тоҷикистон рост меомад.
Раиси Ширкати саҳҳомии ҳолдингии “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарӣ рақами мушаххасеро наовард, аммо гуфт, ин қарзҳо аз моҳи январ ба ин сӯ пардохт мешаванд ва дар умум марҳала ба марҳала пардохтпазирии ширкати "Брешно" беҳбуд меёбад.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ширкати “Брешно” моҳона ҳудуди 2 миллион доллар қарзашро ба ҳамкори тоҷикиаш пардохт мекунад.
Маҳмадумар Асозода гуфт, ҳар сол қарордоди ҷадиде ба имзо мерасад, ки тибқи он, ҳаҷми зарурӣ ва нарх муайян карда мешавад.
“Содирот аз моҳи май то моҳи сентябр амалӣ мешавад. Қарордод барои соли 2023 моҳи декабр, баробари ба охири расидани сол миёни ҳайатҳои “Барқи тоҷик” ва “Брешно” баста мешавад”, - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст, ки аз ин 1 млрд 213,1 миллион киловат-соат ё маблағи 612,2 миллион сомонӣ ба Афғонистон ва 1 миллиарду 145,7 миллион киловат-соат ё 259,4 миллион сомонӣ ба ба Ӯзбекистон рост меояд.
Ҳамчунин, ширкати “Барқи тоҷик” гуфт, ки барқ ба Афғонистонро тибқи созишнома ва бидуни вақфа интиқол медиҳад.