https://sputnik.tj/20220712/afghoniston-pul-barq-tojikiston-pardokht-nakardaast-1049945986.html
Афғонистон пули барқи Тоҷикистонро пурра пардохт накардааст
Афғонистон пули барқи Тоҷикистонро пурра пардохт накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Аз оғози соли равон қарзи нерӯи барқи Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 30 миллион долларро ташкил дод ва бо гузашти шаш моҳ ин кишвар қарзашро насупоридааст
2022-07-12T18:00+0500
2022-07-12T18:00+0500
2022-07-12T18:10+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
энергетика
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032496395_0:200:1921:1280_1920x0_80_0_0_5b5083ebe39df29d4977203981454501.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ширкати электроэнергетикии "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (DABS) тамоми қарзҳои нерӯи барқи Тоҷикистонро пардохт накардааст. Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, раиси холдинги "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.Дар ҳамин ҳол, ӯ аз маблағи мушаххасе, ки ҷониби Афғонистон аз Тоҷикистон қарздор аст, ном набурд. Маълум аст, ки қарзҳо давра ба давра дода мешаванд.Ӯ таъкид намуд, ки айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 9 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Мутобиқи қарордод Афғонистон барои ҳар кВт/соат Афғонистон 4,67 сент пардохт мекунад. Дар нимаи аввали соли 2022 Душанбе ба Кобул ба маблағи беш аз 30 миллион доллар нерӯи барқ интиқол додааст.Ба гуфтаи Асозода, интиқоли захираҳо тибқи созишномаи қаблӣ барои соли 2022 сурат мегирад. То охири сол Тоҷикистон қасд дорад, бо ширкати афғонистонии "Брешна" санади нави интиқоли барқ барои соли 2023 имзо кунад.Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ миллионҳо даромад мегирад Раиси ширкати "Барқи тоҷик" ҳамчунин гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон беш аз 10 миллиард кВт/соат нерӯи барқ содир кардааст.Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли 2022 қарзи Афғонистон аз Тоҷикистон барои нерӯи барқ 33 миллион доллар буд.
https://sputnik.tj/20220712/tojikiston-casa-1000-anjom-1049936797.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032496395_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_03b246cbde20284b4a90fc81afdd14ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон афғонистон пул қарз
тоҷикистон афғонистон пул қарз
Афғонистон пули барқи Тоҷикистонро пурра пардохт накардааст
18:00 12.07.2022 (Навсозишуда: 18:10 12.07.2022) Аз оғози соли равон қарзи нерӯи барқи Афғонистон аз Тоҷикистон беш аз 30 миллион долларро ташкил дод ва бо гузашти шаш моҳ ин кишвар қарзашро пардохт накардааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ширкати электроэнергетикии "Da Afghanistan Breshna Sherkat" (DABS) тамоми қарзҳои нерӯи барқи Тоҷикистонро пардохт накардааст.
Дар ин бора Маҳмадумар Асозода, раиси холдинги "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
"Ширкати энержии Афғонистон маблағи як миқдор нерӯи барқро пардохт мекунад. Интизор меравад, ки қарзҳо бо афзоиши қобилиятҳои пардохтӣ марҳила ба марҳила пӯшонида шаванд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз маблағи мушаххасе, ки ҷониби Афғонистон аз Тоҷикистон қарздор аст, ном набурд. Маълум аст, ки қарзҳо давра ба давра дода мешаванд.
Ӯ таъкид намуд, ки айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 9 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Мутобиқи қарордод Афғонистон барои ҳар кВт/соат Афғонистон 4,67 сент пардохт мекунад.
Дар нимаи аввали соли 2022 Душанбе ба Кобул ба маблағи беш аз 30 миллион доллар нерӯи барқ интиқол додааст.
Ба гуфтаи Асозода, интиқоли захираҳо тибқи созишномаи қаблӣ барои соли 2022 сурат мегирад. То охири сол Тоҷикистон қасд дорад, бо ширкати афғонистонии "Брешна" санади нави интиқоли барқ барои соли 2023 имзо кунад.
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" ҳамчунин гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон беш аз 10 миллиард кВт/соат нерӯи барқ содир кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози соли 2022 қарзи Афғонистон аз Тоҷикистон барои нерӯи барқ 33 миллион доллар буд.