https://sputnik.tj/20220710/siroyatshinos-az-khatari-avji-giriftori-ba-koronavirus-dar-rusiya-hushdor-dod-1049893155.html
Сироятшинос аз хатари авҷи гирифторӣ ба коронавирус дар Русия ҳушдор дод
Сироятшинос аз хатари авҷи гирифторӣ ба коронавирус дар Русия ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Сироятшиноси рус ҳадс мезанад, ки мобайнҳои моҳи авагусти соли равон бемории коронавирус дар ин кишвар боз авҷ мегирад. Ӯ гуфт ним сол гузашт ва масуният аллакай суст шуд
2022-07-10T17:20+0500
2022-07-10T17:20+0500
2022-07-11T12:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар русия
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/05/1031500584_0:160:3075:1889_1920x0_80_0_0_dfb18b13a3e6220faa04cba96c192563.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Афзоиши бемории коронавирус дар Русия аз нимаи моҳи август ва тирамоҳ имконпазир аст, зеро одамон пас аз шаш моҳи гирифтор шудан ба COVID-19 метавонанд дубора бемор шаванд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба пизишки сироятшинос Евгений Тимаков.Ӯ зикр намуд, ки ҳоло чизе дар бораи ҷараёни беморӣ ва шумори беморионе, ки бистарӣ мешаванд, гуфтан барвақт аст.Тибқи иттилои ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавирус, дар як шабонарӯз дар Русия беш аз 3,3 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 748 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.Вай қайд кард, ки то ҳол тибқи омор, дар Русия теъдоди беморони гирифтори коронавирус дар бемористонҳо афзоиш наёфтааст. Ба гуфтаи коршинос, вазъи минбаъдаи эпидемиологӣ аз масунияте, ки қаблан дар одамони гирифтори коронавирус пайдо шуд, вобаста аст. Зеро то ҳол маълум нест, ки масунияти пайдошуда ҷараёни аз сар бемор шудан ба вирусро суст мекунад ё на.Бояд гуфт, аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ феълан вазъият дар Қазоқистон печидатар аст. Ҳамарӯза теъдоди ҳолатҳои нав афзоиш меёбад. Ҳамчунин дар Ӯзбекистон низ ҳолатҳои нави гирифтор шудан ба коронаиврус афзудааст.Дар Тоҷикистон муддати зиёд ягон ҳолати сироят шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин назорат дар марз пурзӯр карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220710/giriftoron-koronavirus-qazoqiston-meafzoyand-omor-1049890631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/05/1031500584_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_0507e3421b7785168d06b2bd21d50471.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия коронавирус
Сироятшинос аз хатари авҷи гирифторӣ ба коронавирус дар Русия ҳушдор дод
17:20 10.07.2022 (Навсозишуда: 12:01 11.07.2022) Сироятшиноси рус ҳадс мезанад, ки дар миёнаҳои моҳи авагусти соли равон бемории коронавирус дар ин кишвар боз авҷ мегирад
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Афзоиши бемории коронавирус дар Русия аз нимаи моҳи август ва тирамоҳ имконпазир аст, зеро одамон пас аз шаш моҳи гирифтор шудан ба COVID-19 метавонанд дубора бемор шаванд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба пизишки сироятшинос Евгений Тимаков.
Ӯ зикр намуд, ки ҳоло чизе дар бораи ҷараёни беморӣ ва шумори беморионе, ки бистарӣ мешаванд, гуфтан барвақт аст.
Тибқи иттилои ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавирус, дар як шабонарӯз дар Русия беш аз 3,3 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, 748 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
"Ним сол гузашт, масуният паст мешавад ва одамон боз бемор мешаванд... Ба ҳар ҳол, афзоиши беморӣ мушоҳида мешавад - тақрибан аз нимаи моҳи август ва тирамоҳ", - гуфт Тимаков.
Вай қайд кард, ки то ҳол тибқи омор, дар Русия теъдоди беморони гирифтори коронавирус дар бемористонҳо афзоиш наёфтааст.
Ба гуфтаи коршинос, вазъи минбаъдаи эпидемиологӣ аз масунияте, ки қаблан дар одамони гирифтори коронавирус пайдо шуд, вобаста аст. Зеро то ҳол маълум нест, ки масунияти пайдошуда ҷараёни аз сар бемор шудан ба вирусро суст мекунад ё на.
Бояд гуфт, аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ феълан вазъият дар Қазоқистон печидатар аст. Ҳамарӯза теъдоди ҳолатҳои нав афзоиш меёбад. Ҳамчунин дар Ӯзбекистон низ ҳолатҳои нави гирифтор шудан ба коронаиврус афзудааст.
Дар Тоҷикистон муддати зиёд ягон ҳолати сироят шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст, вале бо вуҷуди ин назорат дар марз пурзӯр карда шудааст.