https://sputnik.tj/20220711/marg-abe-muhofizon-gunahkorand-1049919042.html
Дар марги Абэ муҳофизонаш ҳам "гунаҳкоранд"
Дар марги Абэ муҳофизонаш ҳам "гунаҳкоранд"
Sputnik Тоҷикистон
Агар муҳофизони сарвазири собиқи Ҷопон тибқи қоидаи ҳифозат аз мақомот амал мекарданд, ӯ метавонист зинда монад ва ҳатто осеб набинад 11.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-11T19:35+0500
2022-07-11T19:35+0500
2022-07-11T19:53+0500
дар ҷаҳон
ҷопон
синдзо абэ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/08/1049856102_0:238:3000:1926_1920x0_80_0_0_6a43894a9e3db5dcd3a108be4041e2fe.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муҳофизони сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ, ки бар асари суқасд ба ҷонаш кушта шуд, протоколро вайрон карданд. Ба чунин хулоса пулиси маҳаллӣ расид.Тибқи протокол, пас аз тири аввал посбонҳо мебоист Абэро ба замин мезаданд, то ӯро аз тирҳои такрорӣ муҳофизат кунанд. Агар муҳофизон ин қоидаро риоя мекарданд, сарвазири собиқро имкони наҷот додан мавҷуд буд.Ёдовар мешавем, ки Синдзо Абэ нахуствазири собиқи Ҷопон бар асари захмҳои дар як сӯиқасд ҳангоми суханронии пешазинтихоботии худ дар шаҳри Нара бардоштааш даргузашт. Ӯ 67-сола буд. Ҳодиса тақрибан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ, вақте рух дод, ки сиёсатмадор дар кӯча дар назди мардум суханронӣ мекард.Ҳамлагар Тесуя Ямагами 41-сола аз масофаи 10 метр ба сӯи сарвазири собиқ ду тир холӣ кард. /Ӯ собиқ нахуствазирро аз қисмати гардан ва қафаси сина ҷароҳатдор кард.Ба гуфтаи пулис, дарҳол пас аз тирпаронӣ сиёсатмадор ҳанӯз баҳуш буд, вале дар ҷараёни интиқол додани ӯ ба иллати аз кор мондани дил ва шуш, вазъаш вазнин шуд.Ямагами ба гуноҳаш иқрор шуда, қайд кард, ки ҳеҷ чиз зидди ақидаҳои сиёсии Абэ надорад.
https://sputnik.tj/20220708/videoi-lahza-kushtor-abe-1049867502.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/08/1049856102_270:0:2925:1991_1920x0_80_0_0_e39eb818d74da54a0416b9143762b30e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҷопон, синдзо абэ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар ҷаҳон, ҷопон, синдзо абэ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар марги Абэ муҳофизонаш ҳам "гунаҳкоранд"
19:35 11.07.2022 (Навсозишуда: 19:53 11.07.2022) Агар муҳофизони сарвазири собиқи Ҷопон тибқи қоидаи ҳифозат аз мақомот амал мекарданд, ӯ метавонист зинда монад ва ҳатто осеб набинад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муҳофизони сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ, ки бар асари суқасд ба ҷонаш кушта шуд, протоколро вайрон карданд. Ба чунин хулоса пулиси маҳаллӣ расид.
Тибқи протокол, пас аз тири аввал посбонҳо мебоист Абэро ба замин мезаданд, то ӯро аз тирҳои такрорӣ муҳофизат кунанд.
Агар муҳофизон ин қоидаро риоя мекарданд, сарвазири собиқро имкони наҷот додан мавҷуд буд.
Ёдовар мешавем, ки Синдзо Абэ нахуствазири собиқи Ҷопон бар асари захмҳои дар як сӯиқасд ҳангоми суханронии пешазинтихоботии худ дар шаҳри Нара бардоштааш даргузашт. Ӯ 67-сола буд.
Ҳодиса тақрибан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ, вақте рух дод, ки сиёсатмадор дар кӯча дар назди мардум суханронӣ мекард.
Ҳамлагар Тесуя Ямагами 41-сола аз масофаи 10 метр ба сӯи сарвазири собиқ ду тир холӣ кард. /Ӯ собиқ нахуствазирро аз қисмати гардан ва қафаси сина ҷароҳатдор кард.
Ба гуфтаи пулис, дарҳол пас аз тирпаронӣ сиёсатмадор ҳанӯз баҳуш буд, вале дар ҷараёни интиқол додани ӯ ба иллати аз кор мондани дил ва шуш, вазъаш вазнин шуд.
Ямагами ба гуноҳаш иқрор шуда, қайд кард, ки ҳеҷ чиз зидди ақидаҳои сиёсии Абэ надорад.