https://sputnik.tj/20220708/videoi-lahza-kushtor-abe-1049867502.html
Видеои лаҳзаи куштори Абэ ҳангоми суханронияш дар кӯча
Видеои лаҳзаи куштори Абэ ҳангоми суханронияш дар кӯча
Sputnik Тоҷикистон
Марҳум солҳои 2006 - 2007 ва 2012 - 2020 сарвазири Ҷопон буда, беш аз ҳар каси дигар дар таърихи кишвар дар ин мақом фаъолият доштааст
2022-07-08T18:55+0500
2022-07-08T18:55+0500
2022-07-08T21:07+0500
дар ҷаҳон
видео
ҳамлаи хунин
ҷопон
сарвазир
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/08/1049864872_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7118e2470bf7d5dc5bbccb5b687a2385.jpg
Шабакаи телевизионии NHK видеои лаҳзаи ҳамла ба собиқ сарвазири Ҷопон, Синдзо Абэро нашр кардааст. Ӯ замоне ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар кӯча суханронии пешазинтихоботӣ дошт. Бар асоси навор, ҳамлагар ду бор тир холӣ кардааст ва сиёсатмадор дар пайи тири дуюм аз пой афтидааст.Ҳамла тақрибан соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Нара рух додааст. Собиқ сарвазирро дар беморхонаи Донишгоҳи Нара бистарӣ карданд, аммо талоши табибон барои наҷоташ натиҷа надодаст. Эмомалӣ Раҳмон қатли Абэро маҳкум карду аз некиҳояш ёд намудДар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст. Ӯ дар ҷои ҳодиса боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.Марҳум солҳои 2006 - 2007 ва 2012 - 2020 сарвазири Ҷопон буда, беш аз ҳар каси дигар дар таърихи кишвар дар ин мақом фаъолият доштааст. Баъди барканорӣ низ аз сиёсатмадорони фаъоли кишвар буда, аз эътибори зиёд дар Ҷопон бархӯрдор буд. Роҳбарони бисёри кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани Абэ паёми таслият фиристодаанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи марговар ба Абэро маҳкум намуда, ба роҳбарияту мардуми Ҷопон изҳори ҳамдардӣ намудааст.
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Момент нападения на бывшего премьера Японии Абэ
Sputnik Тоҷикистон
Момент нападения на бывшего премьера Японии Абэ
2022-07-08T18:55+0500
true
PT0M31S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/08/1049864872_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_568aa8d17b29eda3711e64204d65598e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, лаҳза, куштор, абэ, нара
навор, лаҳза, куштор, абэ, нара
Видеои лаҳзаи куштори Абэ ҳангоми суханронияш дар кӯча
18:55 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:07 08.07.2022) Марҳум солҳои 2006-2007 ва 2012-2020 сарвазири Ҷопон буда, беш аз ҳар каси дигар дар таърихи ин кишвар дар ин мақом фаъолият кардааст
Шабакаи телевизионии NHK видеои лаҳзаи ҳамла ба собиқ сарвазири Ҷопон, Синдзо Абэро нашр кардааст. Ӯ замоне ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар кӯча суханронии пешазинтихоботӣ дошт.
Бар асоси навор, ҳамлагар ду бор тир холӣ кардааст ва сиёсатмадор дар пайи тири дуюм аз пой афтидааст.
Ҳамла тақрибан соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Нара рух додааст. Собиқ сарвазирро дар беморхонаи Донишгоҳи Нара бистарӣ карданд, аммо талоши табибон барои наҷоташ натиҷа надодаст.
Дар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст. Ӯ дар ҷои ҳодиса боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.
Марҳум солҳои 2006 - 2007 ва 2012 - 2020 сарвазири Ҷопон буда, беш аз ҳар каси дигар дар таърихи кишвар дар ин мақом фаъолият доштааст. Баъди барканорӣ низ аз сиёсатмадорони фаъоли кишвар буда, аз эътибори зиёд дар Ҷопон бархӯрдор буд.
Роҳбарони бисёри кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани Абэ паёми таслият фиристодаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи марговар ба Абэро маҳкум намуда, ба роҳбарияту мардуми Ҷопон изҳори ҳамдардӣ намудааст.