Дар Хатлон шаш куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст

© Sputnik Медали ветерана ВОВ
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки ҳоло дар вилоят ҳамагӣ шаш куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар вилоят, тибқи маълумотҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шумораи умумии иштирок- чиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 6 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ дар вилоят 9 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ хизматнамуда 42 нафар, маъюбони башардӯсти Афғонистон 237 нафар, маъюбони Артиши Шӯравӣ 386 нафар, маъюбони садамаи неругоҳи барқӣ-атомии “Чернобил” 416 нафар, кӯдакони маъюб ва оилаҳои бесаробонмондаи “Чернобил” 28 нафар боқӣ мондааст.
Память о Великой Отечественной войне в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Хотирае аз ҶБВ дар Тоҷикистон
Ҳамзамон мақомоти хатлон маълумот додааст, ки дар вилоят маъюбони интернатсионалист 623 нафар, маъюбони то 18-сола 12678 нафар, 290 нафар маъюбони амалиёт барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, 32822 нафар кӯдакони нимятим, 673 нафар кӯдакони ятими кулл, 359 нафар гирандагони нафақаи хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Зикр гардидааст, ки дар ин давра, маъюбони гурӯҳи якум 5725 нафар, гурӯҳи дуюм 26145 нафар, гурӯҳи сеюм 12594 нафар, дар маҷмуъ, шумораи умумии маъюбон дар вилоят 44464 нафарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0