https://sputnik.tj/20220504/khotirae-az-jbv-dar-tojikiston-1048190208.html
Хотирае аз ҶБВ дар Тоҷикистон
Хотирае аз ҶБВ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамонии нафаронеро, ки аз ҶБВ барнагаштаанд, балки ҷони худро дар ин ҷанг қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард
2022-05-04T20:50+0500
2022-05-04T20:50+0500
2022-05-04T20:50+0500
тасвирбаён
ҷбв
қаҳрамонӣ
хотира
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048188769_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_ba709d6bda33164246cc1bdafcc6e5be.png
Воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашта боқӣ монд, аммо нафаронеро, ки дар майдонхои ҷанг ба ҳалокат расиданд, наметавон баргардонд. Аммо хотираи қаҳрамонии онҳо боқӣ мондааст. Хотираи қаҳрамонии онҳо дар аксари минтақаҳои аҳолиннишинӣ Тоҷикистон дар симои кӯчаву хиёбонҳо, тандисҳои ёдгорӣ ва муҷассамаҳо боқӣ мондааст.Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.Кумаки пулии Рустами Эмомалӣ ба иштирокдорону маъюбони ҶБВИн рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.Туҳфаи 1350-долларии мақомоти ӯзбек ба иштирокдорони ҶБВ дар Рӯзи ғалабаМавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени “Шараф”, ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048188769_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_c401d6a175ca0044ef5ddb63bf9df483.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тасвирбаён, ҷбв, хотира, муҷассама, қаҳрамонӣ
тоҷикистон, тасвирбаён, ҷбв, хотира, муҷассама, қаҳрамонӣ
Хотирае аз ҶБВ дар Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамонии нафаронеро, ки аз ҶБВ барнагаштаанд, балки ҷони худро дар ин ҷанг қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард
Воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар гузашта боқӣ монд, аммо нафаронеро, ки дар майдонхои ҷанг ба ҳалокат расиданд, наметавон баргардонд. Аммо хотираи қаҳрамонии онҳо боқӣ мондааст. Хотираи қаҳрамонии онҳо дар аксари минтақаҳои аҳолиннишинӣ Тоҷикистон дар симои кӯчаву хиёбонҳо, тандисҳои ёдгорӣ ва муҷассамаҳо боқӣ мондааст.
Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор аз шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд.
Мавриди ёдоварист, ки 68 нафар аз иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени “Шараф”, ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталонҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шуда буданд.