Паҳлавони дигари тоҷик низ дар қаҳрамонии Осиё медал гирифт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВольная и греко-римская борьба.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Варзишгар дар байни ҷавонони то 20-сола қувваозмоӣ намуда, ҳарифи худ аз Ӯзбекистонро шикаст доду аз дасти варзишгари қирғиз шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Фирӯз Мирзораҷабов, варзишгари ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштӣ медали биринҷӣ гирифт. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпӣ хабар дод.
Мирзораҷабов миёни куштигирони то 20-сола дар вазни то 60 кило қувваозмоӣ кард. Варзишгари тоҷик дар даври аввал ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистогнро шикаст дод.
Вале дар даври нимниҳоӣ аз намояндаи Қирғизистон мағлуб гардид. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари Тайпейи Чинро шикаст дода, ҷойи сеюмро азхуд кард.
Аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манами Баҳрайн Чемпионати Осиё оид ба куштӣ миёни наврасон (то 15-сола) ва ҷавонон (то 20-сола) баргузор мешавад.
Юный таджикский борец выиграл серебряную медаль на Чемпионате Азии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Паҳлавони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали нуқра ба даст овард
Дар ин мусобиқа тими миллии Тоҷикистонро 8 куштигир – 5 наврас ва 3 ҷавон намояндагӣ мекунанд. Як руз қабл ниш паҳлавонони кишвар натоиҷи хуб нишон доданд.
Исоҷон Нураҳмадов, ки дар вазни то 68 кило ҳунарнамоӣ кард, медали нуқра ва Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба куштӣ як мусобиқаи қитъавӣ оид ба куштии озод ва юнониву румӣ барои варзишгарони кишварҳои Осиё мебошад. Он аз соли 1979 гузаронида мешавад.
Мусобиқаҳо байни занон оид ба куштии озод аз соли 1996 баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0