100 доллар - маоши миёна дар Қубодиён

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонШирин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Вазири меҳнати Тоҷикистон қайд кардааст, ки ба ҳолати 1 майи соли равон музди миёнаи меҳнат дар ноҳияи Қубодиён 1064,7 сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар ин бора ахиран Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни сафари худ ба ноҳияи Қубодиён дар як маҷлисе бахшида натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2022 хабар додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди давлатӣ.
Тибқи иттилои манбаъ вазири меҳнат зимни суханронӣ қайд намудааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ ин андозаи музди миёнаи меҳнат ва баробар намудани он ба сабади истеъмолӣ ба ҳисоб меравад.
“Дар иртибот ба ин, ба ҳолати 1 майи соли равон музди миёнаи меҳнат дар ноҳияи Қубодиён 1064,7 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 фоиз зиёд шудааст”, - таъкид доштааст Ширин Амонзода.
Таъкид гардид, ки дар ин давра барои иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳури кишвар дар бораи вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили рӯёнидашуда ва захираи маводи ғизоӣ гурӯҳҳои корӣ сафарбар гардида, бо сокинони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Медработники в прививочном пункте по вакцинации от COVID-19 городской поликлиники в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Музди табибон дар Тоҷикистон чанд асту чӣ қадар мешавад?
Ҳамчунин дар ин ҷаласа ба масъалаи рушди саноат, фаъолияти коргоҳҳои дӯхти либоси мактабӣ, касбомӯзии шаҳрвандон, таъмини иҷрои босифати нақшаи кишти такрорӣ баррасӣ, сабабу омилҳои ҷой доштани камбудиҳо муайян ва ба масъулин супоришҳо дода шуданд.
Ёдрас мешавем, чанде пеш Вазорати меҳнат хабар дода буд, ки ба ҳолати 1 феврали соли 2022 маоши миёна дар ҷумҳурӣ 1,6 ҳазор сомониро (ҳудуди 125 доллар) ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 173,8 сомонӣ ё 12% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0