https://sputnik.tj/20220710/tramp-intikhobot-piruz-munoqisha-ukraina-roh-namedod-1049888259.html
Трамп гуфт, агар дар интихобот пирӯз мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод
Трамп гуфт, агар дар интихобот пирӯз мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ раисиҷумҳури Амрико ҳамзамон президенти феълиро дар афзоиши таваррум, болорави қимати маводи сӯхт, аз даст додани "истиқлоли энержии Амрико" муттаҳм кард
2022-07-10T10:40+0500
2022-07-10T10:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар ҷаҳон
доналд трамп
сиёсат
муноқиша
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раҳбари пешини Амрико Доналд Трамп бар ин бовар аст, ки агар ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 дубора интихоб мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод. Трамп дар ин бора ба ҷонибдорони худ дар Анкориҷ хабар дод.Собиқ президент бори дигар аз сиёсатҳои раҳбари кунунии Амрико, Ҷо Байден интиқод кард, ки ба гуфтаи ҷумҳурихоҳ, Иёлоти Муттаҳидаро ба як ҳолати таназзул бурд. Ӯ гуфт, Амрико ҳоло як кишвари заиф аст, бо таваҷҷӯҳ ба таваррум, болоравии қимати сӯзишворӣ, аз даст додани "истиқлолияти энергетикии ИМА", коҳиши бозорҳои саҳомӣ, хурӯҷи бемуваффақияти нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва мушкилоти дигар. Қаблан Трамп дар шарҳи амалкарди маъмурияти Байден дар авзоъ дар атрофи Украина изҳори назар карда буд, ки муноқиша бояд бо созиш хотима ёбад ва ба Киев миллионҳо доллар кумак нафиристад. Илова бар ин, вай иддао кард, ки ба далели иқдомоти Амрико, низоъ дар Украина метавонад боиси ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шавад.
https://sputnik.tj/20220709/tramp-amriko-kishvarho-dars-akhloq-1049880463.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп амнрико украина
Трамп гуфт, агар дар интихобот пирӯз мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод
10:40 10.07.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури собиқи Амрико президенти феълии кишварашро дар афзоиши таваррум, болоравии қимати сӯхт, аз даст додани "истиқлоли энержии Амрико" муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раҳбари пешини Амрико Доналд Трамп бар ин бовар аст, ки агар ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 дубора интихоб мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод.
Трамп дар ин бора ба ҷонибдорони худ дар Анкориҷ хабар дод.
Собиқ президент бори дигар аз сиёсатҳои раҳбари кунунии Амрико, Ҷо Байден интиқод кард, ки ба гуфтаи ҷумҳурихоҳ, Иёлоти Муттаҳидаро ба як ҳолати таназзул бурд.
Ӯ гуфт, Амрико ҳоло як кишвари заиф аст, бо таваҷҷӯҳ ба таваррум, болоравии қимати сӯзишворӣ, аз даст додани "истиқлолияти энергетикии ИМА", коҳиши бозорҳои саҳомӣ, хурӯҷи бемуваффақияти нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва мушкилоти дигар.
"Вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Ҳамаи ин дар сурати пирӯзии ман баргузор намешуд", - бовар дорад собиқ президенти ИМА.
Қаблан Трамп дар шарҳи амалкарди маъмурияти Байден дар авзоъ дар атрофи Украина изҳори назар карда буд, ки муноқиша бояд бо созиш хотима ёбад ва ба Киев миллионҳо доллар кумак нафиристад.
Илова бар ин, вай иддао кард, ки ба далели иқдомоти Амрико, низоъ дар Украина метавонад боиси ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шавад.