Трамп: Амрико наметавонад ба кишварҳои дигар дарси ахлоқ диҳад

© AP / Alex BrandonПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Вашингтон дар ҳоле ки худ ғарқ дар ваҳшигарӣ аст, беҳуда ба дигарон дарси ахлоқӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, дар ҷараёни як маъракаи интихоботӣ дар Лас Вегас гуфтааст, ки ИМА рӯ ба таназзул дорад, мардуми бегуноҳ дар хиёбонҳо кушта мешаванд ва мансабдорони феълӣ беҳуда ба мардум ва дигар иёлотҳо таблиғ мекунанд ва ахлоқ меомӯзанд. додан.
Раисиҷумҳури собиқи Амрико ҳамчунин гуфт, ки иҷрои қонун дар ҳукумати Ҷо Байден, раисиҷумҳури кунунӣ дар ҳоли фурӯпошист ва мардуми бегуноҳ дар Амрико азият мекашанд.
Мо миллате дар ҳоли таназзул ҳастем. Мо ҳеҷ гоҳ чунин набудем. Мамлакати мо ба зону афтода, дар назди аҳли олам хору зор шуда истодааст",- афзуд, раисиҷумҳури собиқи Амрико.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Трамп: Амалҳои Байден дар Украина метавонанд ба ҷанги ҷаҳонӣ мунҷар шаванд
Ӯ гуфтааст, ки аммо мо то ҳол ба кишварҳои дигар ва мардуми дигар дар бораи демократияашон амру фармон медиҳем, дар ҳоле ки кӯчаҳо пур аз хуни мардуми бегуноҳ аст.
Ба гуфтаи Трамп, агар ин ваҳшиёна ба зудӣ ҷилавгирӣ ва тағйир наёбад, мо дигар кишваре нахоҳем дошт.
Трамп бо ишора ба афзоиши шумор ва мизони куштор, дуздии мошин ва ғорати мусаллаҳона, ҷиноятҳои созмонёфта ва тирпарронӣ дар рӯзи 4 июл дар Амрико гуфт, ки пеш аз ҳама мо бояд кишвари худро амнтар кунем.
Ҳукумати ҳозираи ИМА дар мубориза бо ҷиноятҳо сиёсати суст дорад, таъкид кард ӯ.
Раисиҷумҳури пешини Амрико ҳамчунин гуфт, ки марзи ин кишвар дар як ҳолати бад ва анархӣ қарор дорад ва кишвар дар ҳоли ҳозир ба мушкили маводи мухаддир мувоҷеҳ аст.
Лентаи хабарҳо
0