https://sputnik.tj/20220710/giriftoron-koronavirus-qazoqiston-meafzoyand-omor-1049890631.html
Гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ҳамарӯза меафзоянд: омори нав
Гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ҳамарӯза меафзоянд: омори нав
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон ҳамарӯза ҳолатҳои гирифторӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Давоми 24 соати ахир 477 нафар тоза гирифтори ин дард гардиданд 10.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-10T13:26+0500
2022-07-10T13:26+0500
2022-07-10T13:32+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
осиёи марказӣ
коронавирус
тандурустӣ
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049610024_0:181:2997:1866_1920x0_80_0_0_7d5b1392199d4022f859fb70df3dfcba.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.Ин ниҳод мегӯяд, дар 24 соати ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 477 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардид, дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 416 нафар баробар буд.Зимнан, манбаъ афзуда, ҳоло дар ин кишвар 2 510 бемори коронавирус ба табобат фаро гирифта шудаанд, аз ин миён 291 нафар дар бемористон ва 2 219 тани дигар дар шароити хона муолиҷа мегиранд.Пизишкон вазъи тандурустии 14 маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.аврид ба зикр аст, ки вируси СOVID -19 феълан ба Тоҷикистон роҳ наёфтааст, вале балели афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифторӣ ба ин марз дар кишварҳои ҳамсоя назорати санитарию эпидемиологӣ дар марз пурзӯр карда шуд.Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд.Ӯ гуфт, ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220707/koronavirus-du-kishvar-osiyoi-markazi-avj-1049817600.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1d/1049610024_132:0:2863:2048_1920x0_80_0_0_9b313e27c084133f5d078f82a808eee6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, коронавирус, тандурустӣ, қазоқистон
осиёи марказӣ, коронавирус, тандурустӣ, қазоқистон
Гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ҳамарӯза меафзоянд: омори нав
13:26 10.07.2022 (Навсозишуда: 13:32 10.07.2022) Дар Қазоқистон ҳамарӯза ҳолатҳои гирифторӣ ба маризии коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Давоми 24 соати ахир 477 нафар тоза гирифтори ин дард гардиданд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар 24 соати ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 477 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардид, дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 416 нафар баробар буд.
Зимнан, манбаъ афзуда, ҳоло дар ин кишвар 2 510 бемори коронавирус ба табобат фаро гирифта шудаанд, аз ин миён 291 нафар дар бемористон ва 2 219 тани дигар дар шароити хона муолиҷа мегиранд.
Пизишкон вазъи тандурустии 14 маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.
аврид ба зикр аст, ки вируси СOVID -19 феълан ба Тоҷикистон роҳ наёфтааст, вале балели афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифторӣ ба ин марз дар кишварҳои ҳамсоя назорати санитарию эпидемиологӣ дар марз пурзӯр карда шуд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд.
"Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт", - таъкид намуд Ҷаъфаров.
Ӯ гуфт, ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.