Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Коронавирус боз дар ду кишвари Осиёи Марказӣ авҷ гирифтааст

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники и пациент в реанимационном отделении
Медицинские работники и пациент в реанимационном отделении  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Маризии коронавирус боз дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон авҷ гирифта истодааст. Ҳамарӯза ҳолатҳои нави маризшавӣ дар ин ду кишвар афзоиш меёбанд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳолатҳои ҷадиди мубталошавӣ ба бемории коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Бар хабари Вазорати тандурустӣ, давоми 24 соати ахир дар ин кишвар 94 ҳолати нави гирифторшавии сокинон ба қайд гирифта шуд. Аз ҳама беш сокинони шаҳри Тошканд (21 нафар) мариз шудаанд.
Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани ин вирус, дар Ӯзбекистон 241 377 нафар бемор шудаанд.
Вазъият дар Ҷумҳурии Қазоқистон нисбат ба Ӯзбекистон бадтар аст. Зеро давоми як шабонарӯзи ахир 330 нафар тоза гирифтори ин вирус гардиданд. Ин рақам як рӯз қабл 360 нафарро ташкил дода буд.
XIV Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Раҳбари ТУТ афзоиши мизони COVID дар ҷаҳонро эълон кард
Вазорати беҳдошти Қазоқистон хабар медиҳад. ки ба ҳолати 7 июл 1734 нафар беморони коронавирус табобат мегиранд, ки аз ин миён 263 нафар бистарии беморхона буда, 1471 нафари дигар дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шуданд.
Зимнан, дар шаҳри Алмаато бинобар паҳншавии вирус минтақаи "зард" эълон карданд ва аз сокинон даъват намуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатманниқоб пӯшанд.
Маврид ба зикр аст, ки вируси СOVID -19 феълан ба Тоҷикистон роҳ наёфтааст, вале балели афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифторӣ ба ин марз дар кишварҳои ҳамсоя назорати санитарию эпидемиологӣ дар марз пурзӯр карда шуд.
Тоҷикистон назорати беҳдоштиро дар марз пурзӯр кард
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд.
"Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт", - таъкид намуд Ҷаъфаров.
Ӯ гуфт, ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0