https://sputnik.tj/20220709/qirghiziston-uzbekiston-marz-1049881769.html
Қирғизистону Ӯзбекистон протоколи марзӣ имзо карданд
Қирғизистону Ӯзбекистон протоколи марзӣ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки мулоқот "дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум" баргузор шудааст. Тибқи гузориши девони вазирон, аз рӯи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид
2022-07-09T16:06+0500
2022-07-09T16:06+0500
2022-07-11T12:52+0500
ӯзбекистон
қирғизистон
сарҳад
марз
аломатгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_0:0:3006:1691_1920x0_80_0_0_4e65845a04ef61dad980e9cf9887d43c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии худро доир ба масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории марзи Қирғизистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расониданд.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирон хабар медиҳад. Ин ҷаласа аз 4 то 8 июл дар Андиҷон (Ӯзбекистон) баргузор шуд. Манбаъ афзуда, ки мулоқот "дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум" баргузор шуда, аз рӯи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид. Вохӯрии навбатии гурӯҳҳо дар Қирғизистон баргузор мешавад.Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи июн Тоҷикистону Қирғизистон низ масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд.Гуфта шуд, ки дар ин ҷаласа гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид ва дар фарҷом як протоколи дахлдор ба имзо расид.ВУХ Тоҷикистон аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намуд ва ҷузъиёти бештарро ифшо накарда буд.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
https://sputnik.tj/20220628/tojikiston-qirghiziston-masala-alomatguzori-marz-barrasi-1049574432.html
ӯзбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_296:0:2927:1973_1920x0_80_0_0_ea9611906774015c6ca214fd3322665c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, ӯзбекистон, аломатгузорӣ
қирғизистон, ӯзбекистон, аломатгузорӣ
Қирғизистону Ӯзбекистон протоколи марзӣ имзо карданд
16:06 09.07.2022 (Навсозишуда: 12:52 11.07.2022) Гуфта мешавад, ки мулоқот "дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум" баргузор шудааст. Тибқи гузориши девони вазирон, аз рӯйи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии худро доир ба масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории марзи Қирғизистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расониданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти девони вазирон хабар медиҳад.
Ин ҷаласа аз 4 то 8 июл дар Андиҷон (Ӯзбекистон) баргузор шуд.
"Ҷонибҳо лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ ва техникии танзими раванди аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Ӯзбекистонро омода карданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мулоқот "дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум" баргузор шуда, аз рӯи натиҷаҳои он протокол ба имзо расид.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳо дар Қирғизистон баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи июн Тоҷикистону Қирғизистон низ масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд.
Гуфта шуд, ки дар ин ҷаласа гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид ва дар фарҷом як протоколи дахлдор ба имзо расид.
ВУХ Тоҷикистон аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намуд ва ҷузъиёти бештарро ифшо накарда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.