Владимир Путин мусулмонони Русияро бо Иди Қурбон табрик гуфт

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин
 Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Президент Федератсияи Русия дар изҳороташ ба муносибати яке аз идҳои муҳимтарини мусалмонон гуфт, ки Иди Қурбон маънои амиқи ахлоқӣ дорад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мусулмонони Русияро бо Иди Қурбон табрик гуфта, нақши ҷомеаи мусулмон дар ҳаёти кишварро қайд кард.
Номаи табрикотии кишвардори Русияро, дафтари матбуоти Кремл нашр кардааст.
"Боиси хушнудист, ки ҷомеаи мусулмонони Русия дар ҳаёти кишвар фаъолона иштирок намуда, ба татбиқи ташаббусҳои бузурги хайриявӣ, маърифатӣ, тарбияи насли наврас дар асоси эҳтироми анъана ва расму оинҳои хеш таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мекунанд”, - гуфта мешавад дар изҳороти президент.
Бараны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Иди Қурбон-2022: тартиби баргузории ҷашн
Путин афзуд, ки фаъолияти ҷомеаи мусулмонон барои ҳифзи сулҳу ваҳдати байни миллатҳо дар ҷомеа муҳим аст.
"Иди Қурбон дорои мазмуни амиқи ахлоқӣ ва маънавӣ буда, барои муттаҳидсозии мардум, ҳифзи арзишҳои поянда, меҳру муҳаббат, меҳрубонӣ ва шафқат хизмат мекунад", - гуфт кишвардор.
Президент ба мусулмонон саломатӣ, муваффақият, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0