Иди Қурбон-2022: тартиби баргузории ҷашн

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкБараны, архивное фото
Бараны, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа фаро мерасад. Имсол ин ид рӯзи нуҳуми июл баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Иди Азҳо ё Қурбон мусалмонон чорвоеро қурбонӣ мекунанд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад.

Таърихи Иди Қурбон

Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10- уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири нияти қурбонӣ шудани писари паёмбар Иброҳим қайд карда мешавад.
Мувофиқи китоби муқаддаси Қуръон, фаришта Ҷабраил дар хоби Иброҳим - паёмбар зоҳир шудааст ва ба ӯ фармудааст, ки писари худ Исмоилро қурбонӣ кунад.
Иброҳим дасти фарзандашро гирифта, аз Макка ба сӯйи Мино ҳаракат мекунад. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад.
Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Дар Душанбе 30 ҷой барои забҳи чорво дар Иди Қурбон ташкил шудааст
Иброҳим вақте талошҳои шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯйи шайтон партофт. Шайтони навмед ба ақиб баргашт.
Падару писар чун ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин, ба рӯй хобонд ва ҳар ду таслими амри Ҳақ гаштанд.
Ва ҳамин ки Иброҳим корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид: "Эй Иброҳим, ту хоби худро ба амал баровардӣ!". Ва Худованд гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷойи Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: "Мо накӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем...".

Мафҳум ва маънои Иди Қурбон

Дарсе, ки Ҳақ таоло ба Иброҳи паёамбар омӯзонд, ин аст, ки барои наздик шудан ба Худованд шарт нест, ки инсон инсони дигареро қурбон кунад. Муҳим ин аст, ки дар худ қувваеро пайдо кунад, то аз ҳар гуна бадӣ,- дурӯғгӯӣ, тамаъҷӯӣ, зино ва ғайра дурӣ ҷӯяд ва дар ҳаёт то ҳадди имкон корҳои хуберо аз қабили намоз хондан, рӯза гирифтан, хайру сахо намудан ва дасти муҳтоҷу нотавонҳоро гирифтан анҷом диҳад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон выступил на церемонии открытия четвертого Азиатско-Тихоокеанского водного саммита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Президент Иди Қурбонро табрик карду ба исрофкорон гуфт, ба куҷо хайр кунанд
Имрӯз ҳам чун дар замони Иброҳим барои мусалмонон муҳим аст, аз тамаъкорӣ, худписандиву дурӯғгӯӣ, хиёнат, ваъдахилофӣ ва дигар хислатҳои бади инсонӣ дар канор бошанд.
Қурбонӣ кардан дар ин рӯз ба маънии он аст, ки аз Худованд бахшидани гуноҳҳои худро одам илтиҷо мекунад.

Анъанаҳои баргузории Иди Қурбон

Маъмулан аксар мусалмонон як рӯз қабл аз Иди Қурбон рӯза мегиранд. Ин рӯзро арафа ном мебаранд ва он ҳамчун нуқтаи меҳварии маросими ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи Иди Қурбон зоирин аз болои кӯҳи Арафот ба таври рамзӣ ба поён сангчаҳоеро ҳаво медиҳанд, ба маънии ин ки гуё шайтонро сангсор мекунанд.
Иди Қурбон субҳи барвақт оғоз ёфта, ҳамаи мусалмонон бояд анъанаҳои ҷашн гирифтани онро риоя намоянд:
Праздничный дастархан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Абдуқодирзода аз исрофкориву нархҳои осмонӣ дар рӯзи ид гуфт: Ба худ ҷабр накунед
Намоз хондан. Субҳи барвақт мардҳои мусалмон субҳона нахӯрда, либоси идона ба бар мекунанд ва роҳи масҷидро пеш мегиранд. Дар масҷид пас аз адои намози идона хутба хонда мешавад.
Қурбонӣ кардан. Дар қаламрави масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имомхатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад. Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавад ва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад.
Дастархони идона оростан. Дар ин рӯз ҳар як оила дастархони идона меорояд. Соҳибони хона дар баробари тайёр намудани чандин хӯрок аз гӯшт инчунин болои дастархон барои меҳмонон ва ҳамсояҳои худ шириниҳо мегузоранд.
Туҳфа кардан. Зимнан дар ин рӯз барои дӯстон ва пайвандон туҳфа омода мекунанд. Дар рӯзи аавали ид барои ҳамсояҳо ва кӯдакон ширинӣ тақсим мекунанд. Дар рӯзи дуюми ид бошад, ба хонаи хешу ҳамсояҳо ба меҳмонӣ мераванд.

Қурбонӣ

Қурбонӣ кардани чаҳор навъ ҳайвони ҳалоли хонагӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нарина бошад ё модина.
Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кумак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули Ӯ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0