https://sputnik.tj/20220709/medvedev-rusiya-dubora-nazar-1049885398.html
Медведев гуфт, ки Русияро дубора ба назар мегиранд
Медведев гуфт, ки Русияро дубора ба назар мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт, Русияро дар воқеъ мисли Иттиҳоди Шӯравӣ ва гоҳо аз он ҳам ҷиддитар ба назар мегиранд
2022-07-09T18:47+0500
2022-07-09T18:47+0500
2022-07-11T12:46+0500
дмитрий медведев
дар русия
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_4f383b3a8c816e89e2f755ecc580e025.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки воқеан Русияро мисли Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз рӯи маҷмуи таҳримҳо аз он ҳам ҷиддитар ба назар гирифта истодаанд. "Ҳадафҳои амалиёти вижаи низомиро президенти Русия эълом карда буд ва тавре ки шумо медонед, онҳо аз ҳимояи шаҳрвандони Донбасс ва ғайринизомисозию нозизудоии Украина иборат аст. Дар ин ҷо ҳама чиз равшан аст ва онҳо ба даст хоҳанд омад. Аммо он ҷо як вазифаи дигаре аст, ки аллакай ҳал шудааст. Дарвоқеъ, Русияро мисли Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз рӯи маҷмуи таҳримҳо аз он ҳам ҷиддитар ба назар гирифта истодаанд", - навиштааст Медведев дар канали Telegram-и худ. Гарчанде, чунон ки у қайд кардааст, то вақтҳои охир ҳама чиз хеле дигаргун буд. "Ман ҳузури кишвари моро дар G8 дар ёд дорам, вақте ки моро ба нишасти G-7 даъват накарданд, ки дар он масъалаҳои иқтисодӣ ва дифои кишварҳои ғарбӣ баррасӣ мешуданд. Вақте, ки шуморо ба назар намегиранд, ин бад аст. Ин мисли он аст, ки аз дигар кӯча ба ҳавлии шумо меоянд ва агар шумо тарсидед ва ба хона гурехтед, шуморо дигар ҷое даъват намекунанд ва агар шумо аввал шуда зарба задед, пас имкони муҳофизати худ хеле зиёд мешавад", - гуфт ӯ..Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Володин ба вакилон тавсия дод, ки ба Донбасс равандНерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220628/medvedev-jang-rusiya-nato-1049558388.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d2be82c9a7384e3d22026a6e8245bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев, русия,
Медведев гуфт, ки Русияро дубора ба назар мегиранд
18:47 09.07.2022 (Навсозишуда: 12:46 11.07.2022) Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт, Русияро дар воқеъ, мисли Иттиҳоди Шӯравӣ ва гоҳо аз он ҳам ҷиддитар ба назар мегиранд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки воқеан Русияро мисли Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз рӯи маҷмуи таҳримҳо аз он ҳам ҷиддитар ба назар гирифта истодаанд.
"Ҳадафҳои амалиёти вижаи низомиро президенти Русия эълом карда буд ва тавре ки шумо медонед, онҳо аз ҳимояи шаҳрвандони Донбасс ва ғайринизомисозию нозизудоии Украина иборат аст. Дар ин ҷо ҳама чиз равшан аст ва онҳо ба даст хоҳанд омад. Аммо он ҷо як вазифаи дигаре аст, ки аллакай ҳал шудааст. Дарвоқеъ, Русияро мисли Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз рӯи маҷмуи таҳримҳо аз он ҳам ҷиддитар ба назар гирифта истодаанд", - навиштааст Медведев дар канали Telegram-и худ.
Гарчанде, чунон ки у қайд кардааст, то вақтҳои охир ҳама чиз хеле дигаргун буд.
"Ман ҳузури кишвари моро дар G8 дар ёд дорам, вақте ки моро ба нишасти G-7 даъват накарданд, ки дар он масъалаҳои иқтисодӣ ва дифои кишварҳои ғарбӣ баррасӣ мешуданд. Вақте, ки шуморо ба назар намегиранд, ин бад аст. Ин мисли он аст, ки аз дигар кӯча ба ҳавлии шумо меоянд ва агар шумо тарсидед ва ба хона гурехтед, шуморо дигар ҷое даъват намекунанд ва агар шумо аввал шуда зарба задед, пас имкони муҳофизати худ хеле зиёд мешавад", - гуфт ӯ.
.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.