Медведев гуфт, ки бо кадом сабаб ҷанг миёни Русия ва НАТО метавонад рух диҳад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкПредседатель "Единой России", заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ҳар гуна кӯшиши таҷовуз ба Қрим маънои эълони ҷанг алайҳи Русияро дорад, ки оқибати ногувор хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 28 июн – Sputnik. Ҳар як кӯшиши таҷовуз ба Қрим ҳамчун эълони ҷанг алайҳи Русия ҳисобида мешавад ва агар як кишвари узви НАТО ин корро кунад, ин маънои муноқиша бо тамоми Иттиҳоди Атлантикаи Шимолиро дорад, ки воқеан ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амният дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты" хабар дод.
Гап дар хақиқат дар бораи ҷанги сеюми ҷаҳон хоҳад буд, таъкид намуд ӯ.

"Ҳар як кӯшиши таҷовуз ба Қрим ин эъломи ҷанг алайҳи кишвари мост. Ва агар кишваре, ки узви НАТО аст, ин корро анҷом диҳад, ин муноқиша бо тамоми Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ аст. Ҷанги сеюми ҷаҳон. Фалокати куллӣ," - гуфт Медведев дар бораи паёмадҳои эҳтимолии вуруди Украина ба НАТО.

Верховная Рада дар моҳи декабри соли 2014 бо ислоҳи ду қонун аз мақоми ғайриблокии давлат даст кашид.
Моҳи феврали соли 2019 порлумон ислоҳот ба конститутсияро қабул кард, ки роҳи кишварро ба ИА ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолиро таъмин кард. Украина шашумин давлате шуд, ки мақоми шарики як блоки низомиро бо зарфиятҳои афзоянда гирифтааст.
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Дар Русия барномаи нави стратегии НАТО-ро хатарнок хонданд
Қаблан раисҷумҳури Русия низ бо ишора ба нуфузи НАТО марзҳои кишвараш ва хатароти воқеӣ пас аз вуруди Украина ба ин паймон ишора карда буд.
Маврид ба зикр аст, ки бо ба қудрат расидани Владимир Зеленский талошҳои ин кишвар барои вуруд ба НАТО беназир буд, аммо кишварҳои узви паймон низ барои дар ҳоли ҳозир қабули он зид баромада буданд ва дар айни замон номуносиб хонданд.
Лентаи хабарҳо
0