Қурби рубл дар биржаи Маскав поин рафт

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Арзиши пули миллии Русия баъди устуворшавии бесобиқа дар давоми 7 соли охир рӯзи дуюм аст, ки дар биржаи Маскав майл ба поинравӣ дорад
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав ба ивази 61,7 рубл савдо мешавад, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба додаҳои бозори асъор.
Ба иттилои манбаъ, болоравии қурби доллар дар бозори Маскав идома дошта, ба ҳисоби "фардо" дар сатҳи 61,9 рубл муқаррар шудааст. Арзиши евро дар биржаи Маскав то ба 63 рубл расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.
Идомаи коҳиши арзиши арзиши асъори хориҷӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Пешбинии иқтисоддонҳо дар бораи гароншавии доллар
Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод. Феълан арзиши рубл дар баробари доллар ва евро майли поинравӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0