https://sputnik.tj/20220708/putin-nizom-ziddihavoi-qirghiziston-1049862948.html
Дастури Путин барои баррасии ташкили низоми муштараки зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон
Дастури Путин барои баррасии ташкили низоми муштараки зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Федератсияи Русия дастур додааст, ки бо Қирғизистон масъалаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоии минтақаро баррасӣ кунад
2022-07-08T17:42+0500
2022-07-08T17:42+0500
2022-07-08T21:11+0500
владимир путин
дар русия
қирғизистон
дифоъ
ҳавоӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047801889_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_e6e7d48cebc7341d15e420961b776d8b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дастур дод, ки бо Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифоъи ҳавоии минтақавӣ музокира кунад.Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".Ҳамчунин, тибқи ин санад, ба Вазорати дифои Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия дастур дода шудааст, ки бо Қирғизистон музокира анҷом дода, пас аз расидан ба тавофуқ аз номи Русия созишнома ба имзо расонанд. Ин дар ҳолест, ки пештар кишвардори Русия дар дидор бо руасои фраксияҳои Думаи давлатӣ гуфт, ки Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдоме накардааст.Вай ҳамчунин илова кард, ахиран дар Ғарб изҳороте шунида мешавад, ки Русия дар Донбасс бояд дар майдони ҷанг мағлуб шавад.Роҳбари Русия қайд кард, ки бигзор онҳо кӯшиш кунанд."Имрӯз мо мешунавем, ки онҳо мехоҳанд моро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд. Хуб, чӣ гӯям? Бигзор кӯшиш кунанд. Мо аллакай бисёр шунидаем, ки Ғарб мехоҳад бо мо то охирин украинӣ биҷангад. Ин фоҷиа барои Украина аст. Аммо ҳама бояд бидонанд, ки мо умуман то ҳол дар он ҷо ба таври ҷиддӣ чизеро шуруъ накардаем", - афзуд Владимир Путин.
https://sputnik.tj/20220708/putin-rusiya-ukraina-jiddi-iqdom-1049840518.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047801889_66:0:2797:2048_1920x0_80_0_0_e507af49b620ef26c2cce5e0359d93c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, амният, қирғизистон, русия
владимир путин, амният, қирғизистон, русия
Дастури Путин барои баррасии ташкили низоми муштараки зиддиҳавоӣ бо Қирғизистон
17:42 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:11 08.07.2022) Президенти Федератсияи Русия дастур додааст, ки бо Қирғизистон масъалаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоии минтақаро баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дастур дод, ки бо Қирғизистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифоъи ҳавоии минтақавӣ музокира кунад.
Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Пешниҳоди ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи имзои Созишнома байни Русия ва Қирғизистон дар бораи таъсиси системаи муштараки минтақавии дифоъи ҳавоии Русия ва Қирғизистонро қабул кунед", - омадааст дар матни санад.
Ҳамчунин, тибқи ин санад, ба Вазорати дифои Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия дастур дода шудааст, ки бо Қирғизистон музокира анҷом дода, пас аз расидан ба тавофуқ аз номи Русия созишнома ба имзо расонанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар кишвардори Русия дар дидор бо руасои фраксияҳои Думаи давлатӣ гуфт, ки Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдоме накардааст.
Вай ҳамчунин илова кард, ахиран дар Ғарб изҳороте шунида мешавад, ки Русия дар Донбасс бояд дар майдони ҷанг мағлуб шавад.
Роҳбари Русия қайд кард, ки бигзор онҳо кӯшиш кунанд.
"Имрӯз мо мешунавем, ки онҳо мехоҳанд моро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд. Хуб, чӣ гӯям? Бигзор кӯшиш кунанд. Мо аллакай бисёр шунидаем, ки Ғарб мехоҳад бо мо то охирин украинӣ биҷангад. Ин фоҷиа барои Украина аст. Аммо ҳама бояд бидонанд, ки мо умуман то ҳол дар он ҷо ба таври ҷиддӣ чизеро шуруъ накардаем", - афзуд Владимир Путин.