Путин: Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдом накардааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо руасои фраксияҳои Думаи давлатӣ гуфт, ки Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдоме накардааст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки Русия ҳанӯз дар Украина ба таври ҷиддӣ чизеро оғоз накардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.

"Ҳама бояд бидонанд, ки мо умуман то ҳол ба таври ҷиддӣ дар Украина чизеро шуруъ накардаем", - гуфт ӯ дар мулоқот бо раҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ.

Вай ҳамчунин илова кард, ахиран дар Ғарб изҳороте шунида мешавад, ки Русия дар Донбасс бояд дар майдони ҷанг мағлуб шавад.
Украинские солдаты на БТР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Дар Чин аз хатари ҷанги ҳастаӣ дар Аврупо бинобар вазъи Украина ҳушдор доданд
Роҳбари Русия қайд кард, ки бигзор онҳо кӯшиш кунанд.
"Имрӯз мо мешунавем, ки онҳо мехоҳанд моро дар майдони ҷанг мағлуб кунанд. Хуб, чӣ гӯям? Бигзор кӯшиш кунанд. Мо аллакай бисёр шунидаем, ки Ғарб мехоҳад бо мо то охирин украинӣ биҷангад. Ин фоҷиа барои Украина аст. Аммо ҳама бояд бидонанд, ки мо умуман то ҳол дар он ҷо ба таври ҷиддӣ чизеро шуруъ накардаем", - афзуд Владимир Путин.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Макгрегор аз хатари нестшавии Украина дар харитаи ҷаҳонӣ гуфт
Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, то 25 март қувваҳои мусаллаҳ вазифаҳои асосии марҳилаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосӣ дар департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Аз ҷумла, Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳри соҳили баҳри Азов ва Святогорск, озод карда шуданд.
Рӯзи 3 июл бо ишғол намудани Лисичанск ва манотиқи атрофи он тамоми ҳудуди ҶМЛ аз дасти нерӯҳои Украина озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0