https://sputnik.tj/20220708/majoriston-dushanbe-konsulgari-payom-prezident-1049865964.html
Табодули паём миёни президентҳои Маҷористону Тоҷикистон: дар Душанбе консулгарӣ мекушоянд
Табодули паём миёни президентҳои Маҷористону Тоҷикистон: дар Душанбе консулгарӣ мекушоянд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Маҷористон ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтаанд
2022-07-08T18:13+0500
2022-07-08T18:13+0500
2022-07-08T19:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
маҷористон
эмомалӣ раҳмон
паём
шодбошӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046255031_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a52cb5449ba0a8343bd280b1c249e77b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, хонум Каталин Ева Верешне-Новак, президенти Маҷористонро бо 30-солагии равобити дипломатӣ шодбош гуфтаст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки дар тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд, силсилаи мулоқоту тамосҳои сатҳи олӣ нақши муассир доштанд.Раҳмон манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари муносибот бо Маҷористон таъкид намудаст. "Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид", - омадааст дар паём. Хонум Каталин Ева Верешне-Новак низ дар паёмаш ба Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.Вай итиминон додааст, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими шарикӣ бо Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Хонум Каталин Ева Верешне-Новак ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар кораш дастовардҳои беш аз пеш таманно кардааст.
https://sputnik.tj/20220615/rahmon-etimodnoma-safir-khorij-qabul-1049200261.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/19/1046255031_161:0:1978:1363_1920x0_80_0_0_3746620deb3a8792142f088f68698ff7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷористон, душанбе, консулгарӣ, ифтитоҳ
маҷористон, душанбе, консулгарӣ, ифтитоҳ
Табодули паём миёни президентҳои Маҷористону Тоҷикистон: дар Душанбе консулгарӣ мекушоянд
18:13 08.07.2022 (Навсозишуда: 19:10 08.07.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Маҷористон ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, хонум Каталин Ева Верешне-Новак, президенти Маҷористонро бо 30-солагии равобити дипломатӣ шодбош гуфтаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки дар тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд, силсилаи мулоқоту тамосҳои сатҳи олӣ нақши муассир доштанд.
Раҳмон манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари муносибот бо Маҷористон таъкид намудаст.
"Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид", - омадааст дар паём.
Хонум Каталин Ева Верешне-Новак низ дар паёмаш ба Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.
"Умедворам, ки ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Маҷористон ба наздикӣ дар Душанбе ба ҷаҳду талошҳои муштараки мо такони тоза хоҳад бахшид", - афзудаст ӯ.
Вай итиминон додааст, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими шарикӣ бо Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Хонум Каталин Ева Верешне-Новак ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар кораш дастовардҳои беш аз пеш таманно кардааст.