Сафирони даҳ давлат ба Эмомалӣ Раҳмон паёми раисҷумҳурон ва эътимоднома супурданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Роҳбари давлат изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда дар рушду таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳми созгор мегузоранд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ сафири фавқулодда эътимоднома қабул кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода изҳор дошт, ки мулоқоти президент бо сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафирони ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Маҷористон, Чин, Индонезия, Испания, Тайланд, Марокаш, Бразилия ва Доминиканро қабул намуд.
Сафирон дар баробари супурдани эътимоднома ҳамчунин паёму дуруди роҳбарони давлатҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон расонданд.
Рухшонаи Эмомалӣ сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониёи кабир ва Ирландияи шимолӣ ба маликаи ин кишвар Елизаветаи II эътимоднома супурд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Чаканпӯшу ҳамроҳ бо шавҳар: Рухшонаи Эмомалӣ ба маликаи Бритониё эътимоднома супурд
"Роҳбари давлат ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон таҳният гуфта, иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт", - омадааст дар хабар.
Дар идома роҳбари давлат аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон бо ҳамаи ин даҳ кишвар зикр намуда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулодда бо иҷрои рисолати худ барои таҳкиму рушди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон саҳмгузорӣ мекунанд.
Дар поёни мулоқот бо сафирони хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0