https://sputnik.tj/20220708/khf-jasad-mard-noshinos-dushanbe-1049859028.html
КҲФ: Ҷасади марди ношинос аз рӯди Душанбе пайдову писаре дар Рӯдакӣ ғарқ шуд
КҲФ: Ҷасади марди ношинос аз рӯди Душанбе пайдову писаре дар Рӯдакӣ ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан шахси ғарқшуда номаълум буда, ҳамчунин маълум нест, ки дар чӣ шароите ӯ ғарқ шудааст. КҲФ мегӯяд, ин мард тахминан 35-40-сола аст 08.07.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-07-08T16:20+0500
2022-07-08T16:20+0500
2022-07-08T21:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
ғарқшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031628043_0:0:998:561_1920x0_80_0_0_c59051bcf7fd9d94ccb2538fb4bf2ede.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Аз рӯди Душанбе ҷасади марди ношинос пайдо шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ба қисми навбатдории КҲФ дар бораи пайдоиҳи ҷасад дар наздикии маркази савдои “Ёвар” хабар додаанд.Манбаъ меафзояд, пас аз дастрас кардани ин хабар гурӯҳи наҷотбахшон аз об берун ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.Феълан шахсияти ғарқшуда ва ҳамчунин сабабҳои фоҷеа маълум нест. Мақомот дар ин хусус ба тафтиш оғоз намуданд.КҲФ мегӯяд, ҳамзамон ҳодисаи нохуши дигар соати шаши бегоҳии 7-уми июн дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуд, ки писарбача 12-сол - ғарқ шудааст.Бино ба маълумоти Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғ аз деҳаи Истиқлол-1, ҷамоати М.Турсунзодаи ноҳия ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.Гуфта мешавад, ҷустуҷӯи ҷасади писарак тамоми рӯз идома дошт, вале бенатиҷа буд. Аз субҳи имрӯз 8 июл кофтуков аз ҷониби ғаввосони идома дорад.Ин ниҳод аз волдидон дархост кардааст, ки ҳаргиз фарзандонашонро беназорат нагузоранд.Маврид ба зикр аст, ки бо фарорасии фасли гармо дар кишвар ҳолатҳои ғарқшавӣ афзудааст.Ҳолатҳои ғарқшавӣ ва худкушӣ дар об аз аввали сол дар кишвар беш аз 70 ҳолатро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20220707/gharqshavi-sughd-ziyod-1049811833.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031628043_100:0:848:561_1920x0_80_0_0_a832bc253855e8bcd9202a7f9ec06424.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кҳф, ғарқшавӣ
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кҳф, ғарқшавӣ
КҲФ: Ҷасади марди ношинос аз рӯди Душанбе пайдову писаре дар Рӯдакӣ ғарқ шуд
16:20 08.07.2022 (Навсозишуда: 21:15 08.07.2022) Феълан шахси ғарқшуда номаълум буда, ҳамчунин маълум нест, ки дар чӣ шароите ӯ ғарқ шудааст. КҲФ мегӯяд, ин мард тахминан 35-40-сола аст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Аз рӯди Душанбе ҷасади марди ношинос пайдо шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ба қисми навбатдории КҲФ дар бораи пайдоиҳи ҷасад дар наздикии маркази савдои “Ёвар” хабар додаанд.
Манбаъ меафзояд, пас аз дастрас кардани ин хабар гурӯҳи наҷотбахшон аз об берун ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Феълан шахсияти ғарқшуда ва ҳамчунин сабабҳои фоҷеа маълум нест. Мақомот дар ин хусус ба тафтиш оғоз намуданд.
КҲФ мегӯяд, ҳамзамон ҳодисаи нохуши дигар соати шаши бегоҳии 7-уми июн дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуд, ки писарбача 12-сол - ғарқ шудааст.
Бино ба маълумоти Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғ аз деҳаи Истиқлол-1, ҷамоати М.Турсунзодаи ноҳия ҳангоми оббозӣ бо дӯстонаш дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ҷустуҷӯи ҷасади писарак тамоми рӯз идома дошт, вале бенатиҷа буд. Аз субҳи имрӯз 8 июл кофтуков аз ҷониби ғаввосони идома дорад.
Ин ниҳод аз волдидон дархост кардааст, ки ҳаргиз фарзандонашонро беназорат нагузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки бо фарорасии фасли гармо дар кишвар ҳолатҳои ғарқшавӣ афзудааст.
Ҳолатҳои ғарқшавӣ ва худкушӣ дар об аз аввали сол дар кишвар беш аз 70 ҳолатро ташкил медиҳад.