https://sputnik.tj/20220707/gharqshavi-sughd-ziyod-1049811833.html
Афзоиши ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар обанбору дарёҳои Суғд: омор
Афзоиши ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар обанбору дарёҳои Суғд: омор
Sputnik Тоҷикистон
Оббозию фароғат дар соҳили руду обанборҳо на барои ҳамаи ҷавонон ба хушӣ анҷомидааст. Ҳодисаҳои ғарқшавӣ бештар дар Масчоҳ ва Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст
2022-07-07T13:35+0500
2022-07-07T13:35+0500
2022-07-07T18:27+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
дар тоҷикистон
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170027_0:81:1562:960_1920x0_80_0_0_e2f4b3b9671232ba6453c13b3797a335.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Давоми беш аз ду моҳи охир дар вилояти Суғд, зимни оббозӣ 18 нафар ғарқ шудаандМақомоти КҲФ дар Суғд мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба ҳамон давраи соли гузашта, 9 ҳолат зиёд будааст. Диловар Ҳамдамов, сухангӯи КҲФ дар вилояти Суғд аснои суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ҳодисаҳои ғарқшавӣ бештар аз ҳама дар ноҳияи Масчоҳ ва шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст. Масъулони КҲФ мегӯянд, ки рафтан ба соҳилҳои хавфноки кӯлу дарёҳо, аз уҳдаи шиноварӣ набаромадан ва беназоратии волидон аз сабабҳое гуфта мешавад, ки боиси ғарқшавии ҷавонон ҳангоми оббозӣ шудаанд. Ахиран се сол қабл ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ дар соҳили рости руди Сир Маҷмааи шиноварию истироҳатиро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буд. Ин макон барои сокинон, аз ҷумла нафароне, ки имкони молӣ барои рафтан ба оббозӣ дар ҳавзҳои пулакӣ надоштанд ва ё аз ғарқшавӣ дар дарёҳо метарсиданд, имкони дар фасли тобистон фароғат намуданро фароҳам намуда буд. Вале, танҳо ин макони истироҳатӣ дар соҳили Сирдарё на ҳамаи сокинонро фаро гирифта метавонад.Фоҷиа дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: бибӣ бо се наберааш зимни ҳезумчинӣ дар об ғарқ шудАз сабаби мавҷуд набудани марказҳои фароғатӣ ва ё фаъол набудани урдугоҳҳо дар шаҳру навоҳии Суғд наврасон дар фасли тобистон умдатан дар ҷойҳое оббозӣ мекунанд, ки мақомот он маконҳоро хавфнок арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20220614/tavsiyaho-khf-zinda-daryo-1049172444.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170027_87:0:1475:1041_1920x0_80_0_0_392fe9cfe899137ce2f5967e0f91fdb3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқшавӣ, омор, суғд, тоҷикистон, оббозӣ
ғарқшавӣ, омор, суғд, тоҷикистон, оббозӣ
Афзоиши ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар обанбору дарёҳои Суғд: омор
13:35 07.07.2022 (Навсозишуда: 18:27 07.07.2022) Оббозию фароғат дар соҳили рӯду обанборҳо на барои ҳамаи ҷавонон ба хушӣ анҷомидааст. Ҳодисаҳои ғарқшавӣ бештар дар Масчоҳ ва Хуҷанд ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Давоми беш аз ду моҳи охир дар вилояти Суғд, зимни оббозӣ 18 нафар ғарқ шудаанд
Мақомоти КҲФ дар Суғд мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба ҳамон давраи соли гузашта, 9 ҳолат зиёд будааст.
Диловар Ҳамдамов, сухангӯи КҲФ дар вилояти Суғд аснои суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон ҳодисаҳои ғарқшавӣ бештар аз ҳама дар ноҳияи Масчоҳ ва шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст.
“Дар шаҳрҳои Бӯстон ва Конибодом 1 ҳолатӣ, Панҷакент 2 ҳолат, Айнӣ 2 ҳолат, Спитамен 2 ҳолат, Хуҷанд 5 ҳолат ва дар ноҳияи Масчоҳ 6 мавриди ғарқшавии сокинон сабт шудааст” – гуфт, мақомдори КҲФ.
Масъулони КҲФ мегӯянд, ки рафтан ба соҳилҳои хавфноки кӯлу дарёҳо, аз уҳдаи шиноварӣ набаромадан ва беназоратии волидон аз сабабҳое гуфта мешавад, ки боиси ғарқшавии ҷавонон ҳангоми оббозӣ шудаанд.
Ахиран се сол қабл ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ дар соҳили рости руди Сир Маҷмааи шиноварию истироҳатиро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буд.
Ин макон барои сокинон, аз ҷумла нафароне, ки имкони молӣ барои рафтан ба оббозӣ дар ҳавзҳои пулакӣ надоштанд ва ё аз ғарқшавӣ дар дарёҳо метарсиданд, имкони дар фасли тобистон фароғат намуданро фароҳам намуда буд.
Вале, танҳо ин макони истироҳатӣ дар соҳили Сирдарё на ҳамаи сокинонро фаро гирифта метавонад.
Аз сабаби мавҷуд набудани марказҳои фароғатӣ ва ё фаъол набудани урдугоҳҳо дар шаҳру навоҳии Суғд наврасон дар фасли тобистон умдатан дар ҷойҳое оббозӣ мекунанд, ки мақомот он маконҳоро хавфнок арзёбӣ мекунанд.