Президент Иди Қурбонро табрик карду ба исрофкорон гуфт, ба куҷо хайр кунанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон выступил на церемонии открытия четвертого Азиатско-Тихоокеанского водного саммита
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон выступил на церемонии открытия четвертого Азиатско-Тихоокеанского водного саммита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо ироаи паёми идӣ аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки қатъӣ ба зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иди саиди Қурбонро бо ироаяи як паём ба сокинони кишвар шодбош гуфт.
Раисҷумҳур бо ишора аз фарҳанги исломӣ, накӯкорӣ ва суннатҳои ин ид, ки яке аз он маросими қурбонӣ аст, ёдовар шудааст.
Гуфта мешавад, қурбонӣ кардан ҳамчун суннат бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест ва ин корро танҳо онҳое бояд анҷом диҳанд, ки оилаи онҳо аз ҳар лиҳоз таъмин аст ва аҳли хонадони онҳо танқисиву мушкилот надоранд.
"Онҳое, ки имконияти моддӣ надоранд, метавонанд бо сухани нек, амали хуб ва рафтори шоистаи худ дили одамонро шод кунанд, ки ин ҳам аз ҷумлаи корҳои хайру савоб ба шумор меравад", - таъкид кардааст раисҷумҳур.
Ба гуфтаи президент, дар ин рӯз талқини амалҳои хайру савоб, аз аҳволи наздикон бохабар будан, махсусан, аёдати беморону ниёзмандон, кумак ба ятимону маъюбон, ба дидори падару модарон шитофтан, дили инсонеро ба даст овардан, аз фазилатҳои неки инсонӣ ва таомули писандидаи мардуми тоҷик дар ин рӯз мебошад.
Эомомалӣ Раҳмон бо ишора ба қонуни танзим изҳори бовар кардааст, ки ҳамватанон ба ҷойи сарфу хароҷоти беҳуда ва зоҳирпарастиву худнамоӣ ба хотири расонидани кумак ба ҳамдиёрони ниёзманд, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан иқдомоти хайру савобро анҷом медиҳанд.
Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Дар Душанбе 30 ҷой барои забҳи чорво дар Иди Қурбон ташкил шудааст
Дар идомаи паём таъкид шудааст, ки мову шумо вазифадорем, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ худдорӣ карда, имкониятҳои моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф кунем, то онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамзамон ба норасоии ғизо дар ҷаҳон ва мушкили гуруснагӣ дар кишварҳои аҳон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки вақтро ғанимат дониста ҳарчи бештар маводи ғизоӣ ҷамъоварӣ кунанд то дар фасли сармо азият накашанд.
"Такроран таъкид менамоям, ки ҳар як оила бояд дар фикри омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд", - таъкид кардааст президент.
Лентаи хабарҳо
0