Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

ВУХ Русия гуфт, на ҳамаи маҳдудиятҳои ковидӣ лағв мешаванд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПассажирский терминал в аэропорту "Домодедово", архивное фото
Пассажирский терминал в аэропорту Домодедово, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Аз 15 июли соли равон тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия амалан ба мисли давраи қабл аз пандемия бармегардад, вале баъзе талабот боқӣ хоҳанд монд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Русия қаблан хабар дод, ки сар аз 15 июл маҳдудиятҳои ковидиро лағв мекунад, Вале ҳоло Вазорати умури хориҷии ин кишвар қавонини вуруди шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод.
Бар хабари манбаъ, барои хориҷиён ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия дар баробари шиноснома ва раводид доштани ташхиси манфии коронавирус ҳатмӣ аст, хабар медиҳад РИА "Новости".
Манбаъ меафзояд, Ситоди фаврии пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Федератсияи Русия тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои муваққатии марбут ба эпидемия аснои убур аз сарҳади Русияро лағв кунад.
Аз 15 июли соли ҷорӣ тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия амалан ба давраи қабл аз пандемия бармегардад.
Монитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Русия рӯзи лағви тамоми маҳдудиятҳои ковидӣ зимни вуруди хориҷиҳоро эълон кард
Вазорати корҳои хориҷӣ қайд кард, ки "ҳамзамон талабот барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия ворид мешаванд (ба истиснои шаҳрвандони Беларус, ки тавассути ҳавопаймо меоянд) пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии ташхиси лабораторӣ барои COVID-19 эътибори худро нигоҳ медорад.
"Илова бар ин, вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кардааст, ки "аз 15 июли соли ҷорӣ ҳамчунин маҳдудиятҳо барои хуруҷи шаҳрвандони Русия берун аз қаламрави Федератсияи Русия тавассути гузаргоҳҳои заминӣ тавассути сарҳади давлатии Русия низ лағв карда мешаванд".
Ёдовар мешавем, ки қаблан Татяна Голикова ноиби сарвазир зимни ҷаласаи ҳукумат изҳор дошт, ки "маҳдудиятҳои убури марз дар робита ба паҳншавии коронавирус, ки аз бо қарори ҳукумат аз моҳи марти соли 2020 роҳандозӣ шуда буданд, бекор карда мешаванд".
Лентаи хабарҳо
0